Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
муассисаи «Спетсгидроэнергомонтаж» фаъолият менамуд ва масъули он муҳандис Валерий Ростисларович Мигуренко буд, ки ҳамагон ӯро зиёда эҳтиром менамуданд. Ба эҳтироми хурду калон шарафманд шудани Мигуренко сабаб дошт, вай дар сохтмони неругоҳи азими Норак низ намояндаи масъули ҳамин муассиса буд ва муҳандиси баландпоя ҳисоб меёфт. Қабл аз ин дар сохтмони дигар неругоҳҳои диёри мо дар водии Вахш низ саҳм гузошта буд.
Дар яке аз рӯзҳои баҳорони соли ҳаштоду ҳафт, ки қиссаи мо бо зикри ҳамин сол оғоз ёфт, Амрулло ба қабулгоҳи Мигуренко омад. Ин ҷавони бисту сесолаи тоҷик бо ҷасорату ғайурӣ ба ин даргоҳ қадам ниҳода буд, ки бо муҳандисини номвари замона ҳамкору ҳаммаслаку ҳамнишин гардад ва аз онон маърифату ҳунару кор омӯзад, ҳампояи ин тоифаи мутахассисин шуда, ба диёри кӯҳистони худ, ки рӯдҳои пуртуғёни зиёд дорад, бо тамоми ҳастӣ хизмат намояд. Ва агар зарур шавад, ҳамчун муҳандиси олирутбаи эҳдоси иншооти барқӣ аз тарафи Тоҷикистони азиз ба дигар халқҳову кишварҳо низ ёрӣ расонад...
Дар қабулгоҳи Мигуренко ду-се нафар маътали мулоқот буданд. Вақте ки навбати Амрулло расид, ӯ ба коргоҳи Мигуренко ворид шуда, дар рӯ ба рӯи муҳандис болои курсӣ нишаст. Валерий Ростисларович чашм аз коғази рӯи миз бардошта пурсид:
- Ҷавон чӣ лозим аст?
- Дар Донишгоҳи политехникӣ таҳсил карда истодаам ва ҳоло мехоҳам, ки дар муассисаи шумо кор кунам, - гуфт бо қатъият Амрулло.
- Чунин хоҳиш доштанат бад не, албатта, дуруст аст, - аз ҷояш бархост Валерий Ростисларович, - аммо ман ба ту маълумот доданиям, ки тоҷикон дар муассисаи мо фақат дар вазифаҳои ронанда, мудири анбор ва дар нуқтаи тақсим намудани сӯзишворӣ кор мекунанд, мутаассифона,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё