Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
буд, дарҷ гардид. Ҳазорон ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ сурати ин қаҳрамонфарзанди худро дар ҳамон таърих тавассути рӯзномаи ҷавонон бештару хубтар шинохтанд...
Пас аз чанде сардабири рӯзнома ба ман супориш дод, ки ба Норак ба сафари хизматӣ рафтагор шавам ва дар бораи корнамоии Камол Ҳамсариев ва ҳамкорони ӯ мақолае бинависам. Вале мулоқоти мо муяссар нагардид, Камол Ҳамсариевро бинокорони яке аз нерӯгоҳҳои ҷумҳурии ҳамсоя даъват намуда буданд, то ба онҳо сабақ омӯзад.
Сипас ба камина сафар ба кишвари хориҷа пеш омад: ҳамон солҳо давлати шӯравӣ ба мамлакати Афғонистон дар сохтмони роҳҳои мошингард ёрӣ иқтисодӣ ва техникӣ мерасонд. Яке аз ин сохтмонҳо — шоҳроҳи Пули Хумрӣ - Мазори Шариф - Шибиргон буд, ки ман дар он ҷо ба тӯли чору ним сол дар вазифаи тарҷумон хизмат намудам. Ба ҳамин минвол сабабҳои гуногуне ба амал омаданду ман бо ин қаҳрамони кор мулоқот карда натавонистам.
Ва ҳоло бо писари калонии Камол Ҳамсариев — Карим сӯҳбат менамоям. Албатта, Карим ҳам ба роҳи падараш рафта, дар сохтмонҳои зарбдор хизмат кардааст.
- Падарам дар ҳашт-нӯҳсолагӣ бо бародари калониаш Ҷалол аз меҳри волидон маҳрум гардидааст, - ҳикоя мекунад Карим. - Солҳои сиюм дар зодгоҳи қиблагоҳ - деҳаи Куксултонӣ (ҳоло Меҳрободи шаҳри Ваҳдат) ва қаряҷоти атроф бемории хасба (тиф, домана) паҳн гашта, бисёр одамон мефавтанд. Пас аз вафоти падару модар даҳ нафар бародарону хоҳарони падарам низ яке пайи дигар аз дунё мегузаранд. Ҷалол ба ҷойи падару модар ягона парастор ва ғамхори Камол мешавад.
Охири солҳои сиюм Ҷалол ҳамроҳи додараш Камол барои кор ба водии Вахш, ба ноҳияи Ворошиловобод меояд. Дар ин ҷо бародарон дар колхоз кор мекунанд, соҳиби як қитъа замин мешаванд ва барои худ аз лой кулбае сохта, бомашро бо гарав ва най мепӯшанд. Вале зиндагии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё