Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Осудагии онҳо дер давом намекунад. Бо ҳамлаи ваҳшиёнаи фашистони ғосибу хунхор рӯзгори ороми миллионҳо одамон вожгун гашта, ҷавонони далеру шуҷоъ ба ҳимояи марзу буми Ватани бузурги шӯравӣ бармехезанд. Ҷалол ҳам дар сафи аввали сарбозони ҷонфидо ба майдони набард меравад.
Камоли чордаҳсола дар кулба яккаю танҳо монда, тасмим мегирад, ки ба зодгоҳаш рустои Кӯксултонӣ баргардад. Бо ҳамин ният ӯ сапедадам ба роҳ даромада, пиёда ба тарафи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) меояд. Дар роҳ мошину аробаҳо, қофилаи шутурон ба ҳар тараф ҳаракат доштанд ва ҳар гуна борҳо ва одамонро мекашонданд.
Камол ба шаҳри Қӯрғонтеппа расида, дар сари сероҳаи тарафи Сталинобод (ҳоло Душанбе) дуру дароз менишинад. Ба ҳамин минвол рӯз бегоҳ шуда, атрофро торикӣ фаро мегирад, вале ягон мошин ё аробае дар наздаш қарор намегирад, то ӯро ба манзили умед бубарад. Дилаш зик мешаваду чӣ кор карданро намедонад. Ҳамин вақт овози сулфа ва шарфаи қадаммониро мешунавад.
— Бачам, ба куҷо рафтани ҳастӣ? — мепурсад ногаҳон марде, ки ӯро хеле боз аз дуртар мушоҳида мекард. Баъди он ки мард ҳадафи ҷавонро фаҳмид, наздиктар омад ва даст дода салом карду гуфт:
— Акнун шаб шуд, ба ҳеҷ ҷо рафта наметавонӣ, биё, ба хонаи ман меравем, ҳамин ҷо наздик аст. Туро бо писаронам шинос мекунам...
Пешниҳоди ин мард ба Камол писанд омад ва аз пайи ӯ рафтагор шуд. Лекин алҳол намедонист, ки ин шахс дар ҳаёти Камол ҳамчун Хоҷаи Хизр роҳнамою роҳкушо мегардад.
— Ман чор писар дорам, — гуфт он мард ба хона ворид шуда, — ту ҳам дар қатори ҳаминҳо панҷум мешавӣ. Агар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё