Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

онҳо аз гушнагӣ бимиранд, ту ҳам мемурӣ, зинда бошанд, ту ҳам зинда мемонӣ.

Ин марди накӯкор Миршукур Умарови самарқандӣ буда, ҳунари зиёдеро медонист. Аз тахта дару тиреза, кату манҷақ сохта метавонист. Аммо амаки Миршукур аслан устои осиёб буд. Дар минтақаи Қизил Октябр як осиёб, дар Кӯргонтеппа шаш осиёб ва дар Ботиробод як осиёб фаъолият доштанд, ки устои ҳамаи ин осиёбҳо ҳамин амаки Миршукур ҳисоб меёфт. Камол ҳамроҳи писарони усто Миршукур дастёрӣ карда, дар муддати кӯтоҳ ҳунарҳои тахтатарошӣ ва осиёбониро ёд гирифт. Зеро ӯ ҷавони ҷусту чолоке буд.

Солҳое, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ давом дошт, Камол аз бародараш Ҷалол гоҳ-гоҳе нома мегирифт. Минбаъд нома намеомад. Вақте ки ҷанг бо ғалабаи комили давлати шӯравӣ бар гитлерчиён анҷом ёфт, аскарон аз майдони набард баргаштанд. Камол ҳамеша ба роҳи бародари ягонаи азизаш интизорӣ мекашид. Вале ӯ аз майдони ҷанг наёмад. Дар комиссариати ҳарбӣ ба Камол хабарномаи қисми ҳарбиро доданд, ки дар он шаҳид гардидани бародараш сабт ёфта буд... Замину осмон пеши чашмони Камол торикистон шуд.

Воқеан ҳам усто Миршукур падархонди Камол гардида, дар қатори писаронаш ба Камол низ тамоми ҳунарҳои худро омӯхт, устоду мураббии ғамхораш шуд. Ҳамчун падари ҳақиқӣ ӯро хонадор намуд. Камол соҳиби фарзандони солеҳ гардид.

Рӯзе Камол варақаеро ба даст овард, ки дар он ҷо ҷавононро барои кор ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд даъват менамуданд. Ӯ бо ҳамон варақа ба назди падархондаш омад.

  • Устобобо, ба ман фотиҳа диҳед, - гуфт Камол варақаро нишон дода.
пешина
аз 216
навбатӣ