Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ҳамворӣ чашм медӯзад. Аз ин ҷо шаҳри азизу дӯстдоштааш Душанбе чун дар кафи даст намудор аст. Ӯ боз ба қатори биноҳои бисёрошёна, кӯчаю хиёбонҳои зебо ва равурои нақлиёт зеҳн монда мефаҳрад, ки пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе рӯз то рӯз ободу хуррам гашта, ба маркази тоҷикони дунё, умеди тоҷикистониён табдил ёфтааст.

Охир шаҳри Душанбе дар пеши назараш ин қадар пеш рафта, овозадор гашт, – аз дил гузаронд акаи Маҳкам. Кам не, 40 сол боз дар хоҷагии ҷангал ва боғи фарҳангӣ - истироҳатии «Ғалаба» - и пойтахт кору фаъолият дорад... Маҳз дасти бунёдкоронаи халқияту миллатҳои гуногуни Тоҷикистон буд, ки пойтахт симояшро ба куллӣ дигар кард. Ва корхонаю муассисаҳои бузург ба ҳусни пойтахт ҳусни дигаре зам намуданд.

Тӯли солҳои истиқлолият низ Душанбе пеш рафта, ба маркази баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ, иҷтимоӣ – сиёсӣ табдил ёфт. Бунёди муҷтамеи нахустин давлати тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ, бинои амфитеатр, муассисаю корхонаҳои азими истеҳсолӣ Душанберо дар саросари Осиёи Марказӣ чун як маркази сулҳ, шаҳри умеду ормонҳо шинос карданд.

Ҳамаи ин пешравӣ, бурдбориҳои шаҳри сарсабзи Душанберо ӯ роҳбарӣ, кордонии хуби шаҳрддорӣ ва мардуми заҳматкашу ба аҳди хеш устувор дидааст...

пешина
аз 82
навбатӣ