Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ПОСДОРИ ТАБИАТ

“Хушбахтӣ бо табиат будан, вайро
дидану бо он гуфтугӯ кардан аст.”

(Л. Толстой)

Ҳамин, ки субҳи содиқ дамид, дар ин гӯшаи зебоманзари диёр табиат гул мекунад. Хаёле ба сад ранг ниҳолу буттаҳои сарсабз ба ҷилва меоянд.
Бо ноз қад кашида аз оғози як рӯзи нав мужда мерасонанд. Дар субҳ гулу бутта, гиёҳу навдаҳои акнун муғҷабаставу шукуфта ба ҳамдигар рози дил мекунанд. Онҳо нахуст ба инсонҳои нек, онҳое, ки посдори хоку оби диёранд, дуруду пайғом мефиристанд...

Ин саҳар низ Маҳкам Ҷӯраев дар хоб намонд,
балки чун одати деринааш роҳи пайроҳаи хоҷагии
ҷангалро пеш гирифт. То расидан ба анбӯҳи беша
ниҳолу дарахтони қад-қади роҳро аз назар
гузаронду шоду мамнун гашт. Бехи ҳар як ниҳол
тозаву озода. Баргу шохаҳои ниҳолакон аз ҳавои
серуни пагоҳӣ, шамими боди гулбез чун арӯсони
қашангу зебо ҷилванамоӣ карда, хаёле ба ҳомии
дашту даман, соҳиби асосии ин мавзеъ Маҳкам
Ҷӯраев арзи сипос доштанд. Акаи Маҳкам дар
назди ҳар як дарахт лаҳзае таваққуф карда, бо

пешина
аз 82
навбатӣ