Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

гӯри падару модар истода лаҳзае чанд дуо карда онҳоро ба хотир меорад. Афсӯс мехӯрад аз умри кӯтоҳи одамӣ. Ин дам сояи ғаму кулфат ба рӯяш парда меафканду гиря гулӯгираш месозад. Ҳамин будааст маънии умри одамӣ. Кас дар ҷавонӣ ба қадраш намерасидааст. Аз миён чанд соле мегузараду мебинед, ки дар рӯй ожангҳо, дар мӯй сафедиҳо пайдо шудааст, он гоҳ афсӯс мехӯред, ки боз як бори дигар ҷавон шавед, вале ҳайҳот умри рафта дигар пас нагардад. Ба амри парвардигор инсон як бор ба дунё меояду меравад. Аз одами нек танҳо ном мемонаду халос. Чӣ тавре шоир мегӯяд:

Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ, дунё ҳама ҳеҷ,
Эй ҳеҷ, зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ мапеч.
Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас,
Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.

Маҳкам Ҷӯраев мисли даврони кӯдакӣ ҳоло низ зодгоҳашро дӯст медорад. Дар Душанбе бисёр вақт шабҳои бехобӣ деҳаи Қумро мебинад. Боз овони беғами бачагӣ такрор шуда деҳа пеши назараш бедор мешавад. Қум як деҳаи нозанин, хушобу ҳавои ноҳияи Айнӣ аст. Таърихи бунёди деҳа хеле аҷиб аст. Боре аз даҳони падар шунида буд, ки аҳли деҳааш ҳамагӣ инсонҳои хайрхоҳу нексириштанд. Деҳаи Қум макони табиати дилкаш

пешина
аз 82
навбатӣ