Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
шаҳри Душанбе овард. Баъди шиносоӣ бо пойтахт ва тамошои гирду атроф азм кард, ки минбаъд тақдирашро ба соҳаи ҷангалпарварӣ мебахшад.
Бо ин мақсад ба хоҷагии ҷангали «Қамчин» омад ва ба сифати коргари одӣ ба кор шурӯъ намуд. Маҳкамбой, ки дӯстдори табиат, ошиқи замину боғу зебоӣ буд, шабу рӯз паи меҳнати садоқатмандона ба нафъи халқу Ватан қарор дошт. Дар як муддати кӯтоҳ ӯ аз коргари оддӣ ба дараҷаи сарҷангалпарвар расиду ҳамзамон техникуми политехникиро бо ихтисоси ҷангалпарварӣ хатм кард.
Дар тамоми ин солҳо Маҳкамбой ҳамеша паи ҳифзи табиату сарватҳои табиӣ, наботот мебошад. Ӯ дар лаҳзаҳои душвори тинҷии ҷангҳои шаҳрвандӣ шуғли дӯстдоштаашро тарк накард. Маҳз бо заҳмату талоши доимии Маҳкамбой Ҷӯраев ва пайравони ӯ хоҷагии ҷангал боқӣ монд, долу дарахтони атроф аз нестшавӣ ҳифз шуданд.
Дар зиндагӣ ва ҳаёт низ Маҳкамбой Ҷӯраев хушбахт мебошад. Ӯ меболад, ки фарзандонаш Акрамбой ва Ўктамбой низ аз паи падар рафта, ҳоло дар хоҷагии ҷангал кору фаъолият доранд.
Ҳамин тавр, ҳар субҳи дӯсти азизи ман М. Ҷӯраев аз тамошо ва назорати ҷангал сар мешавад. Ва имрӯзу ҳамеша рӯзҳои дигар барои вай навиди тоза меоранд. Навиде аз созандагӣ ва шукуфоии диёри нозанин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё