Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Нақл мекунанд, ки як замоне лашкари хунхори душман ба деҳа ҳуҷум мекунад. Куштану талаву тороҷ кардани мол ва бо худ бурдани чизу чора ва духтарони зебо одати душман будааст. Он рӯз ҷил духтари зебо, ки дар гирди ҳамон санг машғули сурудхонӣ ва рақсу бозӣ буданд, хабари ҳуҷуми душманро шунида, ба осмон рӯ овардаю даст ба дуо боло бардошта, илтиҷо кардаанд:
Худоё, Худовандо, коре кун, ки мо зери санг бошему ба дасти душманон наафтем, ки раҳме надоранду нангу номуси моро ғорат мекунанд, шармандаву нопок мешавем мо.
Ҳамин вақт санг боло шудаасту зераш ғоре намудор гардидааст. Духтарон якто намонда, ба ғор даромада рафтаанд. Сипас санг боз дар ҷои худ қарор гирифтааст.
Душманон омада сангро пора карда, духтаронро аз ғор берун оварданӣ мешаванд, вале ҳарчанд зӯр мезананд, сангро на ҷунбонида метавонанду на пора карда.
Аз ҳамон вақт номи ин сангӣ калони ноҷунбонро «Санги Чилдухтарон» мегӯянд. (165 калима)
Аз «Қиссаҳои ноб дар ҳар боб»
28
Хонед. Феълҳоро муайян, замонҳои онро дар матн эзоҳ диҳед.
ОВОЗАИ РУСТАМ БЕҲ АЗ РУСТАМ
Рӯзе аз рӯзҳо Рустам аспсавор ба лаби дарёи Шӯр барои саёҳат ва шикор баромада буд. Дар миёнаи дара як деви аз замони Каюмарс мондаро дид. Сараш баробари хона, биниаш мисоли новаи осиёб, як чашм дар пешона, як чашм дар пушти сараш. Қадаш чунон баланд буд, ки моҳиёнро аз дарё гирифта, дар офтоб медошту кабоб карда мехӯрд.
Дев Рустамро бо аспаш дар рӯи кафаш дошта мепурсад:
- Эй одамӣ, дар ин дашту лаби дарё танҳо мегардӣ, аз Рустам наметарсӣ?
Рустам ҷавоб медиҳад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё