Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

17
Нақши аломати вергулро дар матн шарҳ диҳед.

СУБҲДАМ

Шаб ба охир расид, аз осмон ситораҳо торафт камтар шуданд. Дар тарафи шарқ аз уфуқ сар карда рӯшноӣ мешуд, субҳ медамид.

Олами табиат оҳиста-оҳиста ҷон мегирифт, аз хоб бедор мешуд. Гули ишқандарпечон баргҳои нафис ва хушобуранги худро боз карда, то метавонист ба танаи дарахти гелос болотар печида, онро бо либоси махмалин зинат медод. Гули садбарг лаб ба табассум кушода, аз бӯи худ гулшанро муаттар сохта, дастаҳои нозбӯ, раъно бо вазидани сабоҳ... ба ҳар тараф хам шудан мегирифтанд...

Мусичаҳо, фароштурукҳо, ҷумчуқҳо аз ошёнаҳои худ парвоз карда ба осмон баланд мешуданд, гӯё онҳо низ монандӣ як-ду парча абри сафеде, ки ба тарафи шарқ дароз шуда рафта байрақи сурхи худро ба пешвози офтоб кушода буданд, офтобро истиқбол кардани мешуданд, боли онҳо ба баландии ҳаво бо шуълаи нахустини офтоб рангин мегашт, зарнигор мешуд... (130 калима)

Ҷалол Икромӣ

18
Мавқеи пешояндҳоро шарҳ диҳед.

ЗАҲМАТИ ПАХТАКОР

Ин майдон чунон фарох, ки ба назар ҳадду канор надорад. Сап-сафед аст. Кас агар зиёдтар нигоҳ кунад, чашм мебарад рангаш.

Нӯки ниҳолон... ғарқи анвори* офтоб, аз нафаси боди сабуксайр оҳиста меҷунбад.

Ҳавои саҳаргоҳон сард... ҳоло, дар ин нимарӯз гарм аст.

пешина
аз 275
навбатӣ