Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Матнро нависед, ба зери муайянкунандаҳо хат кашед. Воситаҳои алоқаи онҳоро шарҳ диҳед.
ДЕҲАИ МО
Дар байни деҳоти атрофи Тӯс калонтаринаш деҳаи мост. Онро ҳалқаи сабзи боғу бӯстонҳо иҳота кардаанд. Дар миёнаҳои деҳа як теппаи хеле баланд, дар болои теппа, ки ҳамвор аст, як қалъаи куҳна воқеъ шудааст. Дар солҳои бачагии ман девори қалъа пастак буда, дар ҳар ҷо-ҳар ҷояш тиркашҳои дарозрӯя дошт.
ЯК кӯчаи калон теппаро монандӣ ҳалқа печонда гирифтааст. Агар ба болои қалъа баромада нигоҳ кунед, мебинед, ки аз он кӯча якчанд кӯчаю тангкӯчаҳои дигар сар мезананд.
Тангкӯчаҳо дар байни бомҳои бешумори деҳа печутоб хӯрда гум шуда мераванд. Бомҳо ҳама ба якдигар монанд ва якранг мебошанд. Ин якрангиро фақат дарахтони тут, ки шохҳои сабзи качу килеби худро ба болои баъзе бомҳо ёзондаанд, халалдор мекунанд. (110 калима)
Сотим Улуғзода
10
Ба воситаи саволҳо ҳолро дар ҷумлаҳо муайян кунед.
БА НАЗАРИ МУҲИБ
Халифа Ҳорунаррашид (гуфт), ки ин Лайлиро биёред, то ман бибинам, ки Маҷнун чунин шӯре аз ишқи ӯ дар дарё андохт ва аз Машриқ то Мағриб қиссаи ишқи ӯро ошиқон оинаи худ сохтанд.
Харҷи бисёр карданд ва ҳилаи бисёр. Лайлиро биёварданд. Ба хилват даромад.
Халифа шабонгоҳ шамъҳо барафрӯхта, дар ӯ назар мекард, соате ва соате сар пеш меандохт. Бо худ гуфт, ки дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё