Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан- Ҳол бар хилофи ин аст. Агар хатое рафтааст, дар пӯшишҳои дигар рафтааст: боқии хилъатҳои ту муносиби мӯзаи ман аст. Ғолибан дар он хоболудагӣ ту сар аз гиребони ман барзадай ва ман аз гиребони ту.
Дар он наздикӣ кашафе* сар ба чайби мурокаба фурӯ бурда буд ва он муҷодалаву* муқоваларо* мешунид, сар баровард, ки:
- Ай ёрони азизу дӯстони соҳибтамиз, ин муҷодалаи беҳосилро бигузоред ва аз ин муқовалаи билотаъйил* даст бидоред, ки Худои таоло ҳама чизро ба як кас надодааст ва аз зимоми ҳама муродот дар кафи як кас наниҳода. Ҳеҷ кас нест, ки варо хосае надода, ки дигаронро надодааст ва дар вай хосияте наниҳода, ки дигаронро наниҳода. Ҳар касро ба додаи худ хурсанд бояд буд ва ба ёфтаи худ хушнуд.
Қитъа:
Бурдан ҳасад аз ҳоли касон таври хирад нест,
Зинҳор, ки аз таври хирад дур набошӣ.
Аз халқ тамаъ ҳамчу ҳасад мояи ранҷ аст,
Бигсил тамаъ аз халқ, ки ранҷур набошӣ.
(213 калима)
Абдураҳмони Ҷомӣ
ЛУҒАТ
адам – нестӣ
адим – чарм
кашаф – сангпушт
муҷодала – баҳс
муқовала – гуфтугӯй
билотаъйил – бефоида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё