Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Зоғи якум дигар эътироз накард. Дар ҳақиқат вай мушчаҳои рангорангро дар ягон ҷо надида буд. Аз ин сабаб гуфт:

  • Ту дуруст мегӯӣ! Биё, меравем.

Зоғҳо инро гуфта париданду рафтанд. Онҳо кори дуруст карданд! Дар куҷо дидед, ки мушчаҳо қар-қари зоғонро шунида нагурехтаанд ва дар куҷо дидед, ки мушчаҳо рангоранганд?! Бесабаб нагуфтаанд, ки аз бало ҳазар! (248 калима)

Азизи Азиз

15

Гӯед, ки пешояндҳо бо кадом ҳиссаҳои путқ омадаанд ва чӣ вазифа доранд.

ҲАЁТИ ДАРА

Бошандагони дарае, ки шумо дар фасли аввал тамошо кардед, ҳамагӣ бо кору кочоли* худ соқӯл* буданд: ҷавонон рамаҳои худро ронда бо теғаҳои кӯҳ ба чаро бурда буданд; мардони миёнсол бастаҷоҳои ҳамвори дараро, ки дар он ҷоҳо ба мурури замон дар бориши барфу борон бо гузаштани селоб ба қадри ним газ хок ба ҳам расида буд, ҷуфт меронданд ва барои кишти тирамоҳӣ тайёрӣ медиданд, занон ва духтарон шир мепухтанд, чурғот мехобонданд, гушӣ мезаданд, маска месохтанд ва равған мекашиданд; мардони кухансол ду-ду чор-чор ба сангҳо такя карда нишаста саргузашт мегуфтанд ва мешуниданд.

ЯК ҷавони тахминан бистсола, ба сараш як саллаи кӯҳнаи нимтибит, ба танаш як куртаи карбоси дарида, аз рӯи як курта як ҷомаи тики пахтадори чида-чидашула, миёнаш бо як карбоси куҳна аз рӯӣ баста, ба пояш як чорук, чашмонаш дурахшон, лекин андешаманд, пешонааш фарох, лекин пурчин, рухсорааш чун себи сурх тобон, лекин ғамгин, ки аз башарааш андешамандӣ намоён буд, ба хаёл фурӯ рафта дар гӯшае аз бошишгоҳи мардум дуртар менишаст; ба дасти ин ҷавон як чӯбдасти чӯпонии сегазан качи чавгонмоҳанд, ки

пешина
аз 275
навбатӣ