Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Мо, бачаҳо завқкунон дар такутоз шуда, ба ҳама ҷо қадам мегузоштем, гулҳо мечиндем. Ранги дурахшон, бӯи хуш ва барги гули тоза моро шод мегардонид. Аммо садои форам маро ба худ бештар ҷалб мекард. Аз ким-куҷои буттазор хониши булбулон, садои кафтарони кӯҳӣ ба гӯш мерасид. Кӯҳҳо бошанд, акси садо медоданд. Дар паҳлуи мо оби кӯҳ аз санг ба санг зада гузашта, садо мебаровард ва кӯҳ садои онро такрор менамуд.

Баъзан овози най ба ин садоҳо ҳамроҳ мегардид. Ин чунин маъно дошт, ки кадоме аз кӯҳистониён ба остонаи ҳавлии худ баромада нағмасарой мекунад. Мо хомӯшона гӯш мекардем. Ин садои мусиқӣ ҳамчун фиғон аз қаъри рӯҳи инсон баромада, ҷарангос мезанад.

Ҳабибулло Назаров

МАНЗАРА

Офтоб як қади найза монда, рӯз ҳам ба охир мерасид. Аз болои кӯҳи баланд ба ҳар сӯ назар андохта, манзараҳои аҷоиб, водиҳои сабзу хуррамро тамошо мекардам. Вазиши шамоли фораму ором бӯи гулҳои чаманро оварда, димоғи касро муаттар менамояд. Дар як тараф кӯҳҳои сарбафалаккашида, ки дар канорашон дарахтони пистаю бодом гавҳаросо бор овардаанд, дар тарафи дигар теппачаҳо ва заминҳои ҳамворро сабзазорон ва ҳар гуна гулҳо қолинпӯш намуда, рӯи онро ранги сурхи лола зинат додааст. Аз дарӯчаҳо обҳои шӯълае, ки баъд аз борони баҳор ба вуҷуд омадаанд, аз болои санг ба санге шорида, бо шарфаи баланде ба поён ҷорӣ мешаванд. Парандагон ҳар кадом парвоз намуда, ба макони худ бармегаштанд.

Ҳабибулло Назаров

пешина
аз 275
навбатӣ