Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
мустамликаи нав пойдор намояд. Бале, Ҳисори кӯҳна
таърихи қадимӣ дорад. (100 калима)
Ҳабибулло Назаров
16 Саръзоҳои ҷумларо ёфта, ба зерашон хат кашед.
БОЗОРИ ҲИСОРИ
Ман Ҳисори кӯҳнаро дар хотир дорам. Ман борҳо ба ин ҷо омада, кӯчаҳои пур аз чангу хок ва издиҳоми мардумро дар бозори пеши қалъа медидам. Бозор ҳамеша аз одам пур буд. Чодарҳои бисёре кашида шуда, бутун-бутун кӯчаҳоро фаро мегирифтанд, ки дар он ҷо дӯконҳо ва каппаҳо воқеъ гардида буданд. Дар бозор чойхона ва кабобхонаҳо ҳам буданд. Дар байни ҳамаи онҳо дӯкони сафолфурӯшӣ диққати ҳамаро ба худ ҷалб мекард, ки дар он табақу косаи сафолин, кордҳои қаратоғӣ, зарфҳои мисини рангоранг мефурӯхтанд. Дар ин ҷо чойнику пиёла, офтоба, кӯза, сиёҳидон ва бисёр дигар чизҳоро ҳам дидан мумкин буд. Дар бозор ҳар гуна савдогарон ва ҷаллобон ҳам бисёр буданд.
(108 калима) Ҳабибулло Назаров
17 Хонед ва ҷумлаҳои хулосаву тафсилиро муқоиса намоед.
ДАР БОЗОР
Одамон ба болои катҳои калони чӯбин нишаста, чой менӯшиданд, нақл менамуданд, бозиҳои аҷоибу ҳофизии қаландаронро бо завқ тамошо мекарданд. Аксар вақт ҷанги бедонаҳо, кабкҳо ва хурӯсҳо ташкил карда мешуд. Ҳамеша осмони бозорро чангу хок мисли абрҳо фаро мегирифт ва овози фурӯшандагон баланд садо медод: яке самбӯса, дигаре кабоб, сеюмӣ палав гуфта, фарёд мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё