Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дарози бадвоҳима, ки ҷо-ҷои баданаш хуншор буд, оҳиста ба сӯроҳӣ даромада нопадид гашт. (284 калима)
Маҷид Салим

2

Ҷумлаҳоро ифоданок хонед. Муайян кунед, ки кадом ҷумлаҳо сухани нависанда ва кадоме онҳо суханони шахси дигаранд.

ҚИССАИ МАРДИ БАЛХАРӢ ВА АСПИ ЛОҒАРИ Ӯ

Як марди балхарӣ* ба аспи бечорааш хурмачаву кӯзачаи фурӯшӣ бор карда, авул* ба авул мегашт.

Он рӯз дар як деҳаи аварӣ* пойга барпо мешуд. Асптозони оташмизоҷ бо аспони оташнафаси худ ғун шуда буданд. Асптозон ҳам машҳур буданду аспҳояшон ҳам. Асптозон ҳама ҷавонмардони хушқомату зебоандом, аспҳояшон аз худашон монданӣ надоштанд. Аз чашмони ҷовандозҳо шарораи далерию бебокӣ ва аз чашмони самандҳояшон оташи бесабрӣ меборид.

Ҷовандозҳо акнун саф меоростанд, ки баногоҳ як марди ороми балхарӣ савори аспи лоғар ба майдон даромад. Балхарӣ ва аспаш хоболуд менамуданд. Ҷовандозҳои ҷавон балҳариро мазоҳ карда, аз чор тараф гап парронданд.

  • Биё, бо мо ҳамроҳ шав!

  • Биё, аспи ношуди туро ҳам ба қатори самандҳо бимонем.

  • Чаро аспи ту бо бодпоҳои мо баробарӣ накунад? Орзуро айб нест.

  • Биё, ҳамроҳи мо асп тозон, ки аз қафо каси паълҳои афтидаро чида мерафтагӣ нест.

Марди балхарӣ дар ҷавоби ҳамаи ин гапҳо бори аспашро фуроварда, як сӯ бурда таҳ кард, оромона ба асп савор шуд ва дар қатори ҷовандозҳо ҷой гирифт.

пешина
аз 275
навбатӣ