Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
19 Дар мавзӯи «Китоб — дӯсти беҳтарин» иншо нависед, ки матни он аз ҷумлаҳои хуллас ва тафсилӣ иборат бошад.
ЁДИ ДИЁР
Вазифаи аслии Мавлоно Орифи Қабодиёнӣ иборат аз
надимӣ дар дарбори шоҳ будааст. Муҳаммад Ориф дар Балх
хушу хуррам зиндагӣ мекардааст. Вале як гӯшаи дили ӯ
ҳамеша торик буда, рӯзу шабҳо ғам мехӯрдааст. Мавлоно
аксаран ғамгину маъюс гашта, аз дил мегузаронидааст, ки
«ман фарзанди Қабодиён ҳастам. Вақте ки ба Бухоро паи
таҳсили дониш рафтам ва солҳои дароз дар он ҷо хондам,
хешу табор, ёрӯ дӯст ва ҳамшаҳриён маблағи рӯзгори маро
таъмин мекарданд. Ба роҳи бозгашти ман бо умедворӣ
менигаристанд, ки як рӯз ба онон маърифат омӯзам ва
мушкилоти ҳаёташонро осон кунам. Вале ман дар Балх айшу
нӯш дораму дур аз ёрӯ диёрам. Дар зиндагӣ бояд барои
ҳамдиёнрон хидмате ба ҷо биёрам». (110 калима)
Бахтиёр Муртазоев
20 Матнро ифоданок хонед. Аввал ҷумлаҳои мубтадо ва хабар дошта ва баъд ҷумлаҳои мубтадо надоштаро ҷудо карда нависед.
ЗАРДОЛУИ ОРИФӢ
Мавлоно Муҳаммад Орифи Қабодиёнӣ бисёр андеша кардааст. Оқибат роҳи хидмат ба ҳамдиёнронро меёбад.
Мавлоно, ки илми набототро нағз медонист, аз мамлакатҳои дуру наздик донаки бисёр навъи зардолуро оварда, дар боғистони худ парвариш менамояд. Сонӣ ӯ навъҳои талхро ба ширин, ширинро ба талх чанд сол бо ҳавсалаю сабр пайванд карда, як навъи зардолуеро меофарад, ки дар ширинӣ, хушбӯйӣ ва шифобахшӣ назир надоштааст.
Мавлоно аз ҳамин навъи зардолу як даста навниҳолонро
ба лои решаашон ба Қабодиён равон мекунад. Ҳамдиёнрон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё