Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

возеҳу муназзам ифода намояд. Ҳаҷми калимаҳои корҳои хаттӣ (диктант ва нақлҳои хаттӣ) дар синфҳои 5-11 вобаста ба зинаҳои синф зиёд шуда, шумораи онҳо камтар мегардад.

Тибқи барномаи таълимӣ ҳангоми баҳогузорӣ ба диктанти санҷишӣ аз рӯи адади 5 балла меъёрҳои зеринро ба назар гирифтан зарур аст:

  1. Баҳои «5» ба диктанте гузошта мешавад, ки ягон ғалат надорад.

  2. Баҳои «4» ба диктанте гузошта мешавад, ки 1-2 ғалат дорад.

  3. Баҳои «3» ба диктанте гузошта мешавад, ки 3-4 ғалат дорад.

  4. Баҳои «2» ба диктанте гузошта мешавад, ки то 7 ғалат дорад.

  5. Баҳои «1» ба диктанте гузошта мешавад, ки аз 7 ғалат зиёд дорад.

Доир ба корҳои хаттӣ маълумоти зерин пешниҳод карда мешавад:

СинфМиқдори корҳои хаттии санҷишӣМиқдори калимаҳои диктанти санҷишӣМиқдори калимаҳои нақли хаттӣМиқдори калимаҳои душворнавис
512100-110100-1505
610110-120150-2007-9
78120-130200-2507-9
88130-140250-3509-10
96140-160350-4509-10
102160-190450-55010-12
112180-200550-65010-12

Омӯзгор имкон дорад, ки ҳаҷми нақли хаттии ҷамъбастиро дар синфҳои 5-11 то 50 калима зиёд намояд.

Омӯзгорон корҳои хаттиро дар муддатҳои зерин месанҷанд:

  1. Диктантҳои санҷишӣ то дарси оянда.

  2. Нақли хаттӣ ва иншо дар синфҳои 5-9 то як ҳафта.

  3. Иншо дар синфҳои 10-11 то даҳ рӯз.

пешина
аз 275
навбатӣ