Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Воситаи алоқаи ҷумлаҳои содаи таркиби матнро муайян намоед.

ТАДБИР

Ривоят мекунанд, ки боре духтари шоҳаншоҳи Кубодиён Кайкубод — Нӯшофарини соҳибҷамол ба бемории сахте гирифтор шудааст. Аз ҳар мулку диёр, аз ҳар кунчу канор табибони ҳозиқ омада, тадбирҷӯӣ мекунанд, вале ба дарди Нӯшофарин даво ёфта наметавонанд. Кайкубод духтарашро ниҳоят дӯст медошт, бинобар ин дилтанг шуда ба ҳар касе, ки номаш табиб бошад, чопар мефиристод. Чопариён оқибат аз деҳаи дурдасте табиби солхӯрдаеро пайдо мекунанд. Табиб бо чеҳраи заҳири Нӯшофарин назар намуда, дар ҳузури шоҳаншоҳ арз медорад:
— Шоҳо, барои духтарат маскане таҳия бикун, ки ба он насими рӯҳбахши чаҳор дарё бирасад ва чиҳил рӯз бо харбузаи «Зарметин»-у «Барги ғарав»-и навзамини соҳили дарё парвариш намо. Шифо меёбад, ту дидию ман надидӣ мешавад... (108 калима)

Бахтиёр Муртазоев

Матнро ифоданок хонед ва воситаҳои алоқаи ҷумлаҳои содаи онро шарҳ диҳед.

КАМОНИ РУСТАМ

Ногоҳ қатрае ба рӯям чакид, оҳиста шориду дар кунҷи лабам дармонд. Зайли шабнам шаффофу нарму форам буд. Қатраҳои дигар аз дунболаш рехтанду риштаборон дар як дам авҷ гирифт. Фараҳе ба дилам роҳ ёфт. Қатраҳои нукраосо дар партави офтоб дурахшида, ҷило медоданд, дардам ноаён фурӯ менишаст. Ва борони нахустини баҳори бармаҳал дар фазои шаҳр чун нафаси тозае дамида, ғубори диламро мешусту пок мекард.

пешина
аз 275
навбатӣ