Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

1 Калимаҳои дар таркибашон ҳарфҳои -ӣ ва -ӯ доштаро аз матн ёфта, имлои онҳоро шарҳ диҳед.

ЯК ШАРТИ МЕҲМОНДОРӢ

Мардумӣ кун ба ҷои душману дӯст,
К-аз мурувват зиён накард кас.

Шарти дигар дар меҳмондорӣ он аст, ки агар аз меҳмон ҷурме* содир шавад ё қабл аз ин хатое воқеъ шуда бошад, чун аз хону эҳсони ӯ наволае тановул намояд, аз сари гуноҳ даргузарад.

Чунонки нақл аст, ки сесад асир аз душманони Маъмун бинни Зоир наздики ӯ оварданд. Хост, ки ба сиёсати эшон ҳукм фармояд. Кӯдаке аз миёни асирон бархесту гуфт: «Эй, амир, ба худо савганд, ки маро об диҳӣ ва ташна накушӣ».
Маъмун фармуд то ҷоми об ба дасти он кӯдак доданд. Дигар гуфт: «Эй, амир, қавми ман ташнаанд, агар ман об хӯрам, эшон нахӯранд аз мурувват дур бошад ва агар об нахӯранду ташна монанд, албатта чун сиёсат хоҳӣ кард, ҳамаро об деҳ». Бифармуд то ҳамаро об доданд. Чун ҳама об ошомиданд, кӯдак бархосту гуфт: «Эй, амир, мо ҳама меҳмони ту шудем ва меҳмонро куштан расми аҳли карам нест». Маъмун аз фасоҳати вай мутааҷҷиб шуд ва ҳамаи асиронро озод кард. (161 калима)

Ҳусайн Воизи Кошифӣ

ЛУҒАТ

ҷурм айб, гуноҳ

пешина
аз 275
навбатӣ