Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Имлои исм ва сифатҳоро шарҳ диҳед.
ДИДОРИ ДӮСТ
Толори равшану барҳавои фурудгоҳ серодам буд. Овози гуфтугӯ ва нидоҳои пасту баланди одамон дар ин толори шишабандӣ бо ҳам бархӯдаву чӯр шуда, як ғавғои берабту низомеро месанҷхт. Марду занҳои гуногунлибос аз миёни издиҳом роҳ кушода, яке барои истиқбол, дигаре барои гусел, сеюмӣ барои анҷоми корҳои нотамоми сафар мешитофтанд.
Ман аз миёни анбӯҳи одамон бо азобе пеш рафта, ҷӯраву ҳамсинфи собиқам Сафаралиро мекофтам. Ақрабаки соати бузурги болои даромадгоҳ маро умедвор мекард, ки то лаҳзаи парвоз вақти хеле зиёд аст. Вале шавқи дидори дӯсти дерина маро ором намегузошт: ба ҳар кунҷу канор сар мехалондам, қатори касони истодаро муоина мекардам, ба роҳгузарону мусофирони навомада зеҳн мемондам.
Ёфтам, оқибат ёфтам. Дар кунҷаке ба сутуни толор такя карда, манзараҳои берунро тамошо дорад. Наҳод ҳамин ҷавони либоси кабуди ҳавонавардӣ бар тан Сафаралӣ бошад? Дар остини костюмаш рамзи курсантӣ ва дар сар кӯлохи папардораш нишони ҳавонавардӣ ҷило медиҳад. Қадаш хеле ёзидааст, дар тӯли чор соли якдигарро надидан тану тӯш монда, гарданаш баланд ва китфу бозувонаш паҳлавонона шудааст. Ҳаяҷонамро базӯр фурӯ нишонда, дар паҳлуяш рост шудам ва даст ба китфаш расондам. (173 калима)
Бароти Абдураҳмон
Фарқи байни бандиҳои феълӣ, хабарӣ ва изофиро гӯед.
БАҲРИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ
Садоҳои гуногун, ҳангомаи бо парма кандани гика-гика санг аз оғӯши кӯҳ ва фаш-фаши дастпохҳои ҳавокаш,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо