Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияташ масъалаи аз бунбасти роҳ баровардани сарзаминро ҷиддӣ ба миён гузошт. Маҳз бо саъю талошҳои пайвастаи Президент шоҳроҳи Шикев-Зегар, Бадахшон ва Чин дар муддати кӯтоҳ кушода шуд, ки ин пеш ба назар афсона менамуд. Садҳо иншоотҳои дигари хурду бузурги коммуникатсионӣ дар ин марҳила сохта, ба рӯи ҳамдиёронамон дару дарвозаҳои кишварҳои ҳамсояро кушоданд. Ва инак, он рӯз дур нест, ки мо шоҳиди кушода шудани нақби Анзоб — шоҳроҳи афсонавии дӯстиву ваҳдати тамоми вилоят ва шаҳру деҳоти Тоҷикистон мешавем. Ин шоҳроҳ мардуми моро бештар, хубтар ба ҳам мепайвандад.

Абдулҳамид Самад

6

Фарқи пешоянд ва пешвандро гӯед.

РОҲ БА ҚУЛЛАИ МУРОД

Воқеан, роҳи аҳли илму адаб ва ҳунар мудом яксон ҳамвор нест ва нахоҳад буд, хоса барои он фарзандони соҳибистеъдод ва лаёқатманди тоҷик, ки тӯли чил-панҷоҳ соли асри гузашта аз шаҳру деҳоти дурдаст барои таҳсил ба пойтахт омадаанд. Эшон, ин зайл имтиҳонҳои сангинро, албатта, пушти сар мекарданд; ба хотири ҷомаи амал пӯшондани орзуву ормонҳо ва ба қадри тавон нақше гузоштан дар рушди илму фарҳанги миллӣ, моҳҳо не, солҳои сол ба ҳамин дастур роҳи азиятовари муродро мепаймуданд. Бо ҳама нокомӣ ва маҳрумият матиниродаҳо ба қуллаи мурод мерасиданд, вале қисме дар ҷода на танҳо худ, балки зану фарзандро ба дарду ранҷ гирифтор мекарданд. Ин як саҳифаи ҳаёти чанд насли зиёӣ ва эҷодкори тоҷик аст... Он рӯз Сайф Раҳимзод бештар чун хонандаву мухлиси адабиёт аз асарҳои нав мутолиакардаи худ ҳарф зад. Аслан ба зоти ӯ шикваю бечорагӣ бегона буд ва ҳаргиз барои расидан ба ҷоиза халаф. Фаразан ҷопи навиштаҳояш беназокат, бо оҳу воҳ ва тамаллуқ хоҳише ба миён намегузошт. Гадотабиъро бад медид. Шояд ин хислати шармовар дар фарҳанги оилавии онҳо вуҷуд надоштааст.

Абдулҳамид Самад

пешина
аз 275
навбатӣ