Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

омадаму бо дили хавотир рост ба айвон баромадам (хонаи мо дар ошёнаи дуюм аст). Манзараи аҷиберо дидам ва зиқ шудам. Бинам, соҳиблонаҳо дар изтироб чор тараф паропар доранду ба манзили бо орзую ҳавас сохтаашон даромада наметавонанд. Болои сари ман давр мезананду гӯё ғучур-ғучур карда, имдод хоста боз ба дари лонаашон месоянд, даромада натавониста қафо мепаранд. Ман гумон кардам, ки ба лона мор даромада тухм ё ҷӯҷаашонро хӯрдаасту парастуҳо гиряву нола доранд...

Аҷабо! Дурусттар нигарам, мор набудааст, аз лона каллаву минқори ғунҷишк намоён шуд. Ба ҳимоя омадани маро пай бурда, парастуҳо ба даҳони лонаашон омаданд. Аз даруни лона каллаи ғунҷишк берун шуду соҳиблонаҳоро сахт нӯл зада гурезонд ва қафонокӣ худро дарун кашид. (631 калима)

Бобо Насриддинов

Услуби матнро муайян кунед.

ДИДИ ОВОЗХОН БА ШАХСИЯТИ ҲОФИЗ

Одина Ҳошим шахсияти нотакрорест, ки мусиқии миллии тоҷикиро либоси нав пӯшонид ва онро бо беҳтарин сифатҳои сурудхонӣ ғановату шукӯҳи тоза бахшид. Дар ҳар як суруди вай зарбҳои пуришӯру ҳаяҷонангез садо медиҳад, ки ифодагари ҳақиқати рӯзгори нобасомони халқ буданд ва талоши ӯро дар тариқи ба даст овардани ҷавҳари маъни бозгӯ мегардониданд. Овозхон дар интихоби мавзӯъ ҳеҷ гоҳ шитоб накардааст ва алоқамандона бо қонунмандии дохилии шеър, вобаста ба мазмуну мундариҷаи он қолаби савт ҷуста, оҳангҳое офаридааст, ки дар ҳар лаҳзаи он рози ниҳонии шоиру ҳофиз тавъам омезиш ёфтаанд ва бозтобдеҳи ҳақиқати ҳоли эшон гардидаанд. Дарёфти чунин шеваи баён Одина Ҳошимро ба шеъри баландпоя ва пурмазмуни пешиниён карин сохт ва ӯро шефтаву гуломи ашъори устод Рӯдакӣ, Мавлавии Балхӣ, Саной, Аттор, Саъдӣ, Ҳофиз,

пешина
аз 275
навбатӣ