Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Хонед ва ҷумлаҳоро аз рӯйи оҳанг шарҳ диҳед.

ДАРДИ ПАДАР

Хурд будам. Бо падарам дар пуштаҳо дарав мекардам. Ӯ ҳар гоҳ маро таъкид мекард, ки ҳушёр бошам, то ба поям хоре нахалад, дос ба ягон ҷоям нарасад. Аз таъкидҳои зиёди ӯ ғашам меомад. Рӯзе тифоқо ба поям хоре халид. «Оҳ!» — гӯён ба ҷоям нишастам ва хорро аз поям дур кардам. Падарам аввал таскинам доду сонӣ сабук-сабук танбеҳ намуд. — О, дард кунад, пои ман дард мекунад, ба шумо чӣ? Ин қадар ғур — ғур мекунед?! — аз алами дард дуруштӣ кардам ба падар. Бечора чизе нагуфт, танҳо ба кадом як маъние сар ҷунбонду халос. Солҳо гузаштанд. Боре ба нияти ёди айёми кӯдакӣ бо писарчаам ба пуштаҳо баромадам. Ҳангоми сайругашт ногоҳ ба пои писарчаам хоре халид ва ӯ «оҳ, дадаҷон!» гӯён дар ҷояш нишаст. Вучудам таконе хӯрд, гумон кардам, ки хори ба пои ӯ халида ба дилу ҷиғари ман расид. Ин дам ба хотирам омад ҳамон ҳодисаи алафдаравӣ бо падарам. (146 калима)

Абдурауф Муродӣ

Матни бо риояи оҳанги ҷумлаҳо хонед.

ПАС АЗ БОРОН

Борон дигар намеборид. Офтоб гоҳ рух намояд, гоҳ дар пушти абрҳое мемонд, ки оҳиста-оҳиста парешон мешуданд. Баҳор дар авҷ буд — сабзаҳои ягон соат қабл аз ин дар зери шоҳборон хобида гӯё пичир-пичиркунон бо ранги тоза мехестанд. Ва ба ҳар сӯ тоб хӯрда, дидори гарми офтобро меҷустанд. Дар нӯки баргҳои сӯзанвор борик ва тези дарахтони арча чун ашк дар сари мижгон қатраҳои софи борон меларзиданд. Атроф моломоли равшанӣ ва ҳавои

пешина
аз 275
навбатӣ