Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
боронрез маросими ғусли тирамоҳро ба ҷо оварда, майли роҳат кардан дошт. Ба машом бӯи ғализи пояҳои тар, бӯи баргҳои хазони тут, бӯи лою хоки заҳ, бӯи тирамоҳи заррин меомад. (133 калима)
Бароти Абдураҳмон
9 Матнро хонед, ба ибораҳои ишорашуда диққат диҳед.
ТАБИАТИ КИШВАР
Дуоба як навъ дарвозаи чарогоҳҳои хушманзараи кӯҳистони Фон аст. Дар ҳамин ҷо дарёи Арчамайдону Сармат ба ҳам рехта, дарёи Киштутро ташкил медиҳанд. Хоҳ қад-қади ин дарё равед ва хоҳ қад-қади онаш то сари ағбаҳои Пушневаду Шер, дарахтони калону хурди чашмазори сералафро мебинед. Он дараҳо чун дара гӯё ба якдигар монанданд, чунон ки одам чун одам гӯё якхелу якранг менамояд. Вале дар айни ҳол ҳар яке олами дигарест. Ҳатто ранги наботот ва обу ҳавои як дара аз дараи дигар фарқ дорад, монанди он ки хислати ду одам ба тамоми муштарак намешавад.
Аз ағбаҳо, хоҳ аз Ағбасой гузашта ба Арх фуроед ва хоҳ аз ағбаи Шер гузашта ба кӯли Сиёҳ, хати марказ дарёи Саратог мешавад. Боз як ағбаи дигарро гардед, ин тараф Қаратоғ мефуроед ва водии Ҳисор сар мешавад. (164 калима)
Ӯрун Кӯҳзод
10 Матнро хонед, ибораҳояшро муайян карда нависед.
ДАЪВАТ БА СОЗАНДАГӢ
Нусратулло ин марди болобаланди озодалибос, шӯх, зиндадил ва базлагӯй, ки дар айни замон одобу ахлоқаш ҳамидаи меҳмондорию одамнавозиҳояш шоиста, ба зудӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё