Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

солим ва хуррам тофт. Дар кӯчаҳои он бачаҳо давутоз карда мегаштанд. Дар баъзе ҳавлиҳо аз ошхонаҳо дуд мебаромад. Маълум, ки дар он ҷо нон мепазанд ё ки барои оши палав равған доғ мекунанд. Дар болои боми ҷамоати қишлоқ байрақи сурх парафшонӣ мекунад. Дар майдони сари масҷид панҷ-шаш нафар ба рӯи кати дӯкони баққол сӯҳбат карда менишастанд. Бузу бузголаҳо, гӯсфанду гӯсолаҳои мардум дар нишебии зери кӯҳ, дар он ҷое, ки барфаш хеле кам монда буд, чаро карда мегаштанд. Дар гирду атрофи қишлоқ аскаре, сарбозе, низомие наменамуд. (122 калима)
Ҷалол Икромӣ

23 Ҷумлаҳоро хонед, амал ва иҷрокунандаи амалро ба воситаи саволҳо муайян кунед.

БОРОН

Ба хотирам афсонаи Чилдухтарон расид. Гӯё чил духтар дар паси ҳамин санг бошанду қатраҳои об сиришки дидаи онҳо бошад...
Ногоҳ дар болои дандонаи ду кӯҳ як ҷонвари сафедеро дидам, ки мисли ҳайкали беҳаракат истода, ба тарафи мошини мо нигоҳ мекард.
— Оҳу! — ба чашмам бовар накарда хитоб кардам ман беихтиёр. Оҳу гӯё медонист, ки аз мо барои ӯ хавфу хатаре нест ва то охир чашм наканда истод.
Ногоҳ аз куҷое буд, ки дар осмон як абри гелпакмонанде пайдо шуд. Абр бо суръат наздик мешуд. Фурсате нагузашта, офтоб аз назар пинҳон гардид ва донаҳои калон-калони борон ба сару гарданам задан гирифт. Ранги кабуди оби дарё дар як лаҳза хира ва лойолуд гашт. Мавҷҳои дарё бузургтар ва ғуришаш баландтар шуд. Қаторкӯҳи он тарафи дарё дар паси пардаи борон нопадид гардид. (120 калима) Пӯлод Толис

пешина
аз 275
навбатӣ