Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Эҳа-а, чӣ бозиҳое, ки доштем... ва чӣ рангин буд он дунёи бачагӣ!
Инак, синни мо, дар вақташ як даста кӯдакону наврасони тоҷик ва ӯзбек, ба домани шаст печ мехӯрад. Умри баъзеамон-ку аз ин ҳам бештар, хулоса, пир шудаем. Ва кайҳост, ки он айёми идроки содаи бачагона дар тасаввури мо ба мисли обу нон азиз гардидааст, балки пазмон мешавем он ҷӯрагиҳои беғашу он рӯзҳои дур аз ғаму ташвишу рӯз. Ин, хуб аст албатта. Чунки занги дилҳо фурӯ рехта, кас қадри одаму оламро беҳтар ба таҳлил мегирад; маънии зиндагӣ ва манзалати азалии инсонро амиқтар дарк мекунад. (199 калима)
Саттор Турсун
24
Ба зери феълҳои матн хат кашед.
ШАБЕ ДАР ДАРА
Аз дараи чуқури торики хавфнок баромада, бо роҳи тангу борики дарози кӯҳ қадам мезадам. Ин роҳ хавфи калон дошт. Агар аз пешам рафту ягон кас баромада монад, ҷои паноҳ ёфтан ҳам надоштам, боло бошад, девори кӯҳи сар ба фалак кашидааст, ки ситораҳои осмон дар қиёси кас гӯё ки ба қуллаи он мерасида бошанд, поён бошад, ҷари чуқур, дарё дар қаъри замин талотум карда, синаи кӯҳро лесида мегузарад... Ҳаракат мекардам, ки ин роҳи хатарнокро тезтар паси сар намоям. Ниҳоят ба майдончаи бодому пистазор баромадам, ки роҳ маро ба тарафи чап овард. Дар он ҷо якчанд дақиқа аз роҳ рафтан бозистодам, қоматамро рост карда, чуқур нафас гирифта, ба атроф назар кардам, аммо аз торикӣ ҳеҷ ҷойро дидан мумкин набуд. Ҳанӯз қадам ба пеш нагузошта будам, ки нохост овози ғур-ғури одамону садои тақар-туқури суми аспон ба гӯшам расид. Онҳо аз дараи чуқур ба баландӣ мебаромаданд. Ин воқеа хавоси маро парешон кард, зуд дар паси дарахтони себарга пинҳон шудам, ҳатто нафас намегирифтам. Аммо одамҳо ҳар қадар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё