Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Мирзо ҳамроҳи Давлатов палав тановул карда, чой нӯшида, сӯҳбат карда менишаст. Мехост, мӯйсафед зик намонад, хосатан шабҳо, ки Қорӣ Носир, ба хонадонаш-назди аҳли байташ рафта.
Давлатов баъди тановули ғизо ба Мирзо мефармуд навозаду худаш гӯш фаро медод ва завқ мебурд. Баъзан худи Давлатов низ барои худашу Мирзо менавохт. Ва дар навохтани асбобҳои созии тоҷикӣ ҳамто надошт Давлатов. Вай як баҳри бузурги навогариро мемонд ва навоҳое ба иҷро мерасонд, ки Мирзо то ҳол ягон бор нашнида буд.
Давлатов, ба Мирзо, баъзан саргузашти худашро ҳам ҳикоят мекард:
-Ман ту барин аз бачагӣ машҳӯр шудам, Мирзо... Ҳаа...-ба андеша мерафт.-Аммо ҳамин истеъдод... ба дасту поям завлона зад: зеро мани камбағалзодаро ба даргоҳи амири Бухоро бурданд. Яъне булбули қафас кардагӣ шуданд маро. Чанд бор, аз он чӣ, илоҷ карда, гурехтам. Зеро мехостам амсоли наво ва мусиқа озод бошам, ба ҳар ҷониб, ки дилам кашад, парвоз гирам. Аммо ҳамеша маро дастгир карда меоварданд, то қариби мурданам мекуфтанд. Маротиби охир ба гулӯям корд монда, гуфтанд, ки гар аз нав майли гурехтан кунам, боз даст гирифта, бо ҳамин корди дасташон сарамро аз тан ҷудо месозанд. Хуллас, ҳама роҳҳо барои ман баста шуданд. Ва истеъдодамро нафрин мекардам, ки маро ба чунин ҳол гирифтор гардонида. Ва моҳҳо мегузаштанд. Вале рӯзе аз рӯзҳо баногаҳ аз куҷое Худованд ба дилам шӯълаи умед андохт, ки шояд дами рӯшноӣ дар пеш бошад ва худро бояд расонам ба ун рӯзҳо. Хуллас таҳи дил майл пайдо кардам, ки то ун рӯзҳои оянда умр зоеъ наравад. Ва барои ҳамин ба дуздӣ шурӯъ кардам. Чаро бо ҳайрат менигари, ба ман Мирзо? А? Ҳоо, ба дуздӣ шурӯъ кардам ман. Вале зару зевар надуздидаам ҳаргиз. Ин чизҳо зарур набуданд барои ман... Аммо даргоҳи кабири амир зару зевари дигар дошт: ин ҳофизон ва навогарон буданд, ки аз тамоми мавзеҳои тоҷикнишини аморати Бухоро бо зӯрӣ, ё бо василаи дигар ҷамъ оварда буданд ва ё худи онҳо аз рӯи зарурати зиндагӣ ва ниёзмандӣ ба ин даргоҳ рӯ оварда буданд. Ман ҳунари ана ҳамин одамонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё