Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

дуздидан гирифтам, яъне, рӯзу шаб нагуфта аз ҳунари онҳо ва донистаи онҳо омӯхтаам, аз худ кардам...

Мӯйсафед Давлатов хандида, аз «чизҳои дуздидаи худаш» баъзе мисол меовард:

-Ана ба хаёли бисёриҳо «Мушкилот» навое бошад, ки дар оғози ҳар қисмати «Шашмақом» биёяд. Аммо «Мушкилот» шашто не, балки шаступанҷто бошад. Зеро «Шашмақом» ҷамъи чизҳои созию овозии мардуми тоҷикро пурра фаро нагирифтааст ва пурра нагунҷондааст; ғунҷонда ҳам наметавонист Шашмақом ин ҳамаро. Шашмақом фақат як қисмати он навоҳои беҳаду худуди миллати баистеъдоди мо буда, вассалом!...

Мирзо аз Давлатов қатори «Муҳаммаси баёт» ва «Муҳаммаси ушшоқ», аз шасту панҷ «Мушкилот»-и гуфтаи вай бистуду тояшро аз худ намуд, яъне «дуздӣ» кард. Чунин дуздиро аз худи Давлатов карда буд Мирзо, ҳол он ки чунин усули корро худи ин мӯйсафед омӯзонда буд барои вай...

Ва гар Давлатовро, баногоҳ, ба марказ даъват намекарданд ва бори дигар вохӯрдан бо вай насиб мегашт, Мирзо ҳамаи шаступанҷ «Мушкилот»-и медонистаи варо, албатта, «медуздид», яъне аз бар мекард ва шояд бо ин васила шаступанҷ «Мушкилот» то рӯзгори оянда ҳам мерасид. Аммо дареғ, ки Давлатов дигар ба Исфара, назди Мирзо барнагашт, зеро вай чанд моҳ баъд аз тири ноҳақи замони пурошӯб аз миён рафт, чунон ки Умар Ҳофиз бо чунин роҳ аз байн рафта буд. Ва Давлатов як хазинаи дигари пурасрори мусиқаи тоҷикро ҳамроҳаш ба хок бурд, чунон ки Умар Ҳофиз ҳунари беҳамторо бо худ бурда буд...

Хуллас солиҳои пурошӯби кӯҳистон боиси шаҳид гаштани санъаткорону фозилон ва комилони зиёд гардида буд. Зеро ҳар туфону ҷангу ҷидол беш аз ҳама оқилон ва фозилонро ва ҳунармандони боистеъдодро аз байн мебарад. Баъд дар дигар ҷойҳои мамлакати Шӯро гар солҳои 20-22-юми қарни бист ҷанги ҳамватанӣ ба охир расида бошад, дар Тоҷикистон ҳатто аввали солҳои сӣ ҷанги ҳамватанӣ идома ёфт, ки ҳуҷуми Иброҳимбеки Лақай ва набард бо дастаи вай, соли 1932, ба ин мисол шуда

пешина
аз 194
навбатӣ