Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ТЕАТРИ ҶАВОНОН
Баъдан орзӯи Давлатов, ки вай ба Мирзо «дуздии аҷибро» омӯзонда буд, яъне ҳама чизи беҳтаринро, бо ҳама роҳ дар хотир ҳифз карданро омӯзонида буд, соли 1933 ҷомаи амал пӯшида тавонист. Яъне дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки Давлатов пеш аз маргаш омода намуда, ба вазоратхонаи марказ супорида буд, барои ташкил кардани Театри Ҷавонони Исфара иҷозаҳат омад.
Вале дар оғоз, дар асоси ҷамъиятӣ фаъолият кардани театр лозим меомад. Ҳарчӣ бошаду набушад ин акнун театр буд.
Мирзо, ки дар курси маҳви бесаводӣ таҳсил мекард, ба ин театр аъзо шуд. Зеро Қорӣ Носир барои Мирзо гуфта буд: «театр василаи бештар дорад то чизҳои «дуздиатро» бештар ошкор карда тавонӣ барои мардумон. Зеро театр имкони ба сафарҳои ҳунарӣ зуд-зуд ва бештар рафтанро дорад ба ҳар ҷониби диёри паҳно...»
Ҳайати Театри Ҷавонон, яъне Театри Комсомол рӯзҳои чоршанбебозор ҳамоно дар Чойхонаи Қорӣ Носир машқ ва намоиш доштанд — зеро бештари онҳо шогирдони худи Қорӣ Носир буданд ва дигар рӯзҳо ба намоишҳои театрӣ машғул мешуданд. Хуллас Исфара акнун соҳиби ду театр буд, «яке театри ҷавонон ва дигар театри Қорӣ Носирҷон» — мегуфтанд мардумон сари шавку ҳавас.
Қорӣ Носир ҳанӯз дар чойхонааш монда буд ва аз он дил канда наметавонист — ҳарчанд худаш бо мадади Давлатов аз ташкилкунандагони театр буд. Қорӣ Носир ҳанӯз дар чойхонааш монда буд, ки чойхонаи вай ҳам театри дигар буд. Балки театри қадимтари Исфара ба ҳисоб мерафт ва ин театри қадимаи чойхонагиро ҳам идома додан лозим меомад.
Дар Театри Ҷавонон азбаски ҳама бачамард буданд, дар намоишнома нақши бонувонро ҳамчунин онҳо бозӣ мекарданд, албатта, бо либоси занона...
Вале мутассил духтарону ҷавонзанҳо низ майл мекарданд ба ин театр. Хоса Эргашхону Ҷаннатхон ва Лутфихон ба дили бинанда ҳусни таваҷҷӯҳи зиёд бедор месохтанд ва аз бозии онҳо намоишномаҳо ҳусни изофа мегирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё