Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

метавонист, ки он ҳам як зумра ҳунарварони тоҷикро аз миён бурду зери хок кард.

Ва гар хок...

Ва гар хок забон медошту... чизҳои созию овозии бо гӯши худ шунидаи мардуми моро бозгӯ мекард ва гар аз хок шунидан ва гирди ҳам овардан ва рӯёнидани ин ҳама лаҳни беҳамтои гузаштагон мумкин мегардид, онҳо аз шаш китоби «Шашмақом», ки имрӯз ифтихори миллати тоҷик шудаанд, садҳо ҷилд зиёдтар, балки зиёдтар мегаштанд. Ва гар олиме сӯзани патифон барин чизе ихтироъ мекард, ки оҳангҳои дар муддати ҳазорсола шунидаи хокро ва теппаву кӯҳҳо ва дараву водиҳои моро ва маъбаду ёдгориҳои таърихии моро амсоли навоҳои рӯи лавҳи (қартаи) овоз аз нав эҳё карда метавонист, ин китоб ба ҳазорҳо ҷилди дигар мерасид. Балки ба ҷилди бештар мерасид.

Аммо дареғ, хок ва маъбадҳои таърих забон надоранду чунин сӯзани фантастикӣ алҳол ихтироъ нашуда ва садоҳо ва созу навоҳои зиёди гузашта ҳанӯз ниҳон монда дар синаву дилу хотираи хоки пур аз асрор...

пешина
аз 194
навбатӣ