Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

барин чуқурӣ пайдо мекард. Оташи кунҷола як-ду ваҷаб мехест, қиёфаи ҳофизону навозандагонро базӯр рӯшан месохт. Ва агар ягон ҳофиз сарояд ва ё навозанда мақоме ба иҷро расонад ва гар одамон хоҳанд, чеҳраи онҳоро хубтар дида бошанд — зеро асаре дорад дидани чеҳраи ҳофизон ва сарояндагон ҳангоми сурудан ва навохтан — дар ин ҳолат болои каллакунҷола чинга мегузоштанд, ё равғани зағир мерехтанд, ин боиси андак баланд шудани алангаи оташ мегардид. Алалхусус чеҳраи Мирзо вақти нағмапардозӣ нури ғайбие пайдо мекард ва гар чашми шумо ин ҳангом ба чашми вай афтад, бо як тарзи аҷиб мунаввар гаштани ҳастиатонро эҳсос мекардед. Вақте Мирзо аз Шашмақом навои «Наврӯзи аҷам»-ро ба иҷро мерасонид, шунаванда дарди рӯзҳои пушти саршудаи умрро эҳсос мекард. Ин дард ба як сурури рӯзҳои навомад омехта мегардид ва кас рӯ задани гулу сабзаро дарк мекард, аммо намедонист, дар пеш варо чӣ интизор аст ва ин дунёи гардонро чӣ интизор аст? Ва ё магар сардиҳои зимистони пушти сар шуда аз нав падид омада, гулу сабзаҳоро бо асараш пажмурдаву нобуд намекунад ва ё гулу сабзаҳои наврӯид то рӯзҳои нек, яъне то пирӣ мерасанд? Умуман инсон амсоли гулу сабзаҳост, ки аз замини зиндагӣ як бор сар мекашад ва ӯро дар умри боқимонда чӣ интизор бошад?...

Ва ё навои дигар, ки «Исфараҷа» ном дошт, эҳсоси дигарро бедор мекард. Ва ин наво иборат буд аз се ҷузъ; ҷузъи якум ботини касро ба завқу завқ омода мегардонд, бахши дуввумин ин амалиётро метезонд ва дар ҷузъи севвумин ҳалаёни ботинӣ ба авҷи камол мерасад, кас беихтиёр мехост бархезаду ба рақс ояд ва по кубаду даст афшонад. Ва дар ин қисмати саввумин ангушти навозанда ҳар гоҳ рӯи пардаҷӯби косахонаи дутор мерасид ва баробари навои тор овози ба садои дойра наздик ҳосил мегардид, ки шавқзо буд, бедоркунандаи эҳсоси навин мегардид.

Мирзо ҳамоно менавохт навои пурасрор, ки ҳамагонро ба андешаи амиқ вомедошт...

Ва партави олови сепояҳо ҳамчунин пурасрор ва маънихез мелапиданд ва дарозу кӯтаҳ мегаштанд...

пешина
аз 194
навбатӣ