Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

МАРГИ ҚОРӢ НОСИР...

Мирзо куҷое наравад, чун баргашт, аввал назди Қорӣ Носир меомад, варо зиёрат мекард, аз ҳолу аҳволаш огоҳ мешуд, аз сафарҳои ҳунариаш, аз дидаву шунидаҳои худ барои вай ҳикояҳо меовард. Ин то ҳадде ҳисоботи эҷодиро низ ба ёд меовард.

  • Акнун дилам пур, ки мақомҳои Исфаразамини мо, созу навои он дар шахси ту ва ҷавонони дигар зинда мемонад, - мегуфт Қорӣ Носир рӯҳ гирифта. - Ин барои ман чизи асосӣ, Мирзо.

...Ва боре баъди сафари ҳунарӣ ва бозомади Мирзо устоди вай Қорӣ Носир илова карда буд:

  • Ман бозгашти туро интизор будам, Мирзо, - ва тааммул карда, афзуд: - Зеро мехостам гичҷаки фарангиро, ки як вақтҳо, бо мадади Умар Ҳофиз харидаву оварда будам, ба ту бахшам.

Ин гичҷак давлати аз ҳама писандидаи Қорӣ Носир буд, балки бароиш азиз буд, пас чаро бахшидани онро барои Мирзо?

  • Зеро ман дигар фурҷа надорам барои навохтани гичҷак.

Мирзои ҳайратзада нигоҳашро оварда буд ҷониби Қорӣ Носир ва аз дил мегузаронд, ки чаро дигар вақт надошта бошад устоди вай барои навохтани ин гичҷак?

  • Зеро вақти рафтани ман расидааст акнун, Мирзо.

Ва ҳанӯз ҳайратзада менигарист Мирзо ба Қорӣ Носир ва гуфтан мехост, ки умри шумо ҳанӯз дароз аст, устод!

  • Ман, аслан бояд мемурдам кайҳо-о,- мад кашида буд Қорӣ Носир.- Хосатан баъди марги Умар Ҳофиз... Вале Умар Ҳофиз, ба хобам даромада, водошта буданд барои ин ҷо мондан муддате, то вазифаамро назди гузаштаву оянда иҷро карда тавонам... Ва ман, дар ин миён, ҳар чизе, ки медонистам ва аз гузаштаву гузаштагон мерос гирифта будам, омӯзонидам ва бахшидам ба шогирдон ва хоса барои ту, Мирзо. Акнун боварӣ дорам, туву шогирдони дигар, ин борра кашида ва бурда ба ояндагони дигар расонида метавонед. Хосатан ту, Мирзо, ки умеди Умар Ҳофиз бештар аз ту буд. Умеди ман ҳам. Аз ҷиҳати дигар ин маъние дорад, ки акнун ман метавонам рафта бошам
пешина
аз 194
навбатӣ