Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

надошт, арғуштҳои классикӣ ва халқиро ба иҷро мерасонданд ва шӯру валвала ба миён меоварданд...

Вақте ки раққосон ва овозхонҳо хаста шуда, барои нафас рост карда тавақкуф месохтанд, созандагон бо роҳбарии Мирзо навохтани наворо идома ҳамедоданд. Мирзо аз «Муноҷот»-и аз Қорӣ Носир омӯхта, аз «Дилхурӯш»-у «Ҷазоил»-и аз Умар Ҳофиз азбаркарда, аз силсилаи «Фарғонача» ва «Исфарача» ва дигар оҳангҳои меросӣ менавохт. Ва баъдан ба иҷрои навои шӯху дилошӯби «Уффар»
мегузашт ва раққосон аз сари нав ба завқ омада, бо тарзи ҳайратбахшо ба ҷумбиш ва дастафшониву покубӣ меомаданд.
Дар чашмони каналкобон, ки аз паси мижгонҳои чанггирифта метофт, анворе падид меомад ва дар рухсорашон, ки паси пардаи ғубор монда буд, табассуми нарм медамид. Ин амсоли рӯиш ва шукуфти сабзаву гулҳои нахуст буд аз замини ташнаи эҳёшавӣ, ки бароиш об меомад ба зудӣҳо.

Шабонаҳо гирди гулхане, ки каналкобон меафрӯхтанд, қатори оҳангҳои замони нав оҳангҳои классикӣ садо медод, ки аз зери ангуштони Мирзо ва тораи асбоби навогарии вай тавлид меёфт. Созу наво амсоли оби зулол, ки ҳоло ба ин диёр бояд меомад, ташнагии одамони аз хонаву дар ҷудоро ва хастаро, ки баҳри шодобшавии заминҳои кишвар сафарбар шуда буданд, шуста ва чангу ғубори тан ва хастагию мондагии онҳоро мебурданд...

Сабзак лаби ҷӯ, ёраки нагзак лаби ҷӯ,
Мурғобӣ шавам ғӯтта занам ҷӯ ба ҷӯй...

Ҳамин вақт навиди шодибахшои дигар бирасид, ки он барои Мирзо амсоли қатраоби зулол ҷонбахшо, амсоли мусиқаи дилошӯб пурмаъно метофт. Ва ин муждае буд, ки дар оилаи Мирзо писаре ба дунё омадааст! Мирзо ҳадаҳа роҳ гирифт ҷониби Исфара.

Акнун дар оилаи Мирзо бо навое, ки қариб ҳар шаб садо медод, овози тифл омехта мегардид.

пешина
аз 194
навбатӣ