Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

ТАННАЗУЛ

Ин ҳангом саҳнаҳои ҳунарнамоӣ низ мутассил холӣ мегардид, зеро бисёре аз санъаткоронро ба ҷабҳа мебурданд ва ё худашон ба он самт мерафтанд. Онҳо акнун дар саҳнаҳои хунрез бо ҷони худу ҷони дигарон бозӣ мекарданд. Дере нагузашта аз 40 нафар аъзоёни театри давлатии Исфара чор нафар монданд, яъне Мирзо ва се ҳофизи дигар, яъне Иброҳимҷону Муҳаммадҷону Юсуфҷон. Шояд онҳо низ амсоли дигарон ба саҳнаи ҷанг мерафтанд. Аммо аз Комиссариати ҳарбии ҷумҳурӣ Муҳаммадӣ Қурбонов, ки аз тоҷикони Оши Қирғизистон буду он рӯзҳо ба кори муҳим аз Сталинобод* ба Исфара омада буд, нисбати ба ҷанг рафтани охирин санъаткорони Исфара, ки ҳамааш шуда чор нафари дигар монда буданд, монеъгарӣ зоҳир намуд:

  • Барои мардуми ақибгоҳ ҳам созандаю навозанда лозим. Дар ин солу замона созу суруд ҳам набошад, дили одамон аз ноумедии беҳад торс мекафад!..., - изҳор намуд вай. - Хоса агар набошад навои Мирзо дар диёри Исфара!...

*он солҳо Душанбе чунин ном дошт

пешина
аз 194
навбатӣ