Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

САРОБОНИИ
ПИСАРИ САГИРМОНДА

Мирзо акнун вақти сафарҳои ҳунарӣ писаракаш Солеҳро назди модаркалонаш монда мерафт. Модаркалон бошад изҳори медошт:
-Ман гӯё барои сагирапоӣ ба дунё омадаам. Аввал шавҳарам ҷавонимарг шуд, бо сари беваю бечорагиам модари туро, Мирзо ва се тағоятро калон кардам. Ҳамин, ки онҳоро ба ҳаёт баровардаму нафаси беғам кашиданӣ шудам, падару модари ту, Мирзо, пайи ҳам аз олам даргузаштанд. Боз сагирбонӣ кардан афтида буд ба сари ман. Туро ба воя расонида, оиладор кардаму гуфтам, ки аз чашмаи бахтат доғҳои диламро мешӯям... Аммо бибин, ки зани гул барин ҷавону зебоят баногаҳ гулрамарг гардид... Боз сагирпо гардидам... Пешонаам сахт доштаам ман!...

Ва бо гӯшаҳои қарси сафеди сараш қатраҳои гелони оби чашмонашро покиза карда, тӯлонӣ сукут менамуд бибии ғампеша.
-Кош акнун ин бечора—писарчаи туро бедард калон карда метавонистам, Мирзо...

...Ҳавотирии бибии дилсӯз, ки мегуфт: «кош инро ҳам ба воя расонида метавонистам!» гӯё бесабаб набудааст. Зеро ин дафъа парастории сагираи навбатиро ба охир расонида натавонист бибии ғампеша. Ва шабе ба ҷогаҳаш даромаду дигар нахест бибӣ.

Ва Мирзо ӯро дар ҳолате дарёфт, ки дастони беҷонаш болои китфи набераҷаи хобидааш шах гардида буд. Гӯё дар ҳолати вопасин ҳам бибӣ ба китфи набераҷааш даст монда, ӯро оҳиста-оҳиста алла гуфтан мехост...

пешина
аз 194
навбатӣ