Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо рафтани бибӣ гӯё сарриштаи калобаи зиндагиашро гум карда буд Мирзо ва акнун намедонист чӣ кунад, назди кӣ писарчаро монда, аз пайи кору бор равад. Албатта, бачаи устухонаш шилмакро ҳамроҳаш гирифта, ба роҳҳои дуродур бурда наметавонист вай.

Вале замона чунин буд, ки дар хона, назди писарча нишастан имкон намедод. Талош кардан ва зистан лозим меомад шаборӯз.

Аз ин муҷиб Мирзо ниҳоят ноне, ки ҳақи меҳнати чандрӯзааш буд, ба футтае печонда, назди яке аз мӯйсафедони ҳамгузараш рафт.

Замонаи ҷанг қаҳтиро ва камчиниро ва гуруснагиро ба миён оварда буд, мардум шабу рӯз аз пайи дарёфти нон овора мешуданд. Ва барои ҳамин мӯйсафед аз бахшоиши ногаҳонии Мирзо, яъне, ноне, ки ҳоло қимматтарин чизи дунё ба ҳисоб мерафт, балки басо касон аз наёфтани нон гуруснагӣ кашида, мемурданду, нигариста, нигоҳаш аз нав ҷониби Мирзо биомад.

Мирзо мақсадашро ошкор намуд барои мӯйсафед.

Ва ба андеша рафта буд акнун мӯйсафеди танҳо: «парастории бачагон, аслан, кори момодоя, яъне кори занон бошад ва мани мӯйсафед магар метавонам ин корро сарришта кунам...

  • Занони ин корро мекардагӣ ҳаст... - лаб кушода буд оҳиста Мирзо. - Аммо ман назди Шумо омадам, - ва нагуфт, ки донистам шумо бештар ба нон мӯҳтоҷ ва барои ҳамин нону бачаро овардам назди шумо...

Аммо бе сухан инро фаҳмида буд мӯйсафед ва боз ба Мирзо ва нони овардаи вай дида андохт.

  • Майлат, - ниҳоят гуфт мӯйсафед, - бачаро назди ман мон ва аз пайи қорат рав. Чӣ қадар ки қувватам расад, парасторӣ мекунам писари туро. Ун тарафаш таваккал ба Худо...

Акнун Мирзо, ҳар вақт, дар даст футтаи нон ва дар дасти дигар писарча ба хонаи мӯйсафед меомад, ҳол он ки худаш тамоман гурусна буд, баъзан як рӯзу ду рӯз бурдаи нон ба лаб намебурд. Бо вуҷуди ин ҳар ёфтаю тофтаашро барои мӯйсафед меовард, ки пиракӣ намираду нигаҳбонӣ ва парастории писарчаи варо идома дода тавонад.

пешина
аз 194
навбатӣ