Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ВАЙРОНУ ВАЛАНГОР ШУДАНИ
ҚАБРИ УМАР ҲОФИЗ
ВА ҚАБРИ ҚОРӢ НОСИР
Бадбахтӣ ва нокомиҳои аз ҷанги ҷаҳон мерасида гӯё кам бошад, дар ақибгоҳ чанд бехудошудаи аз гузаштагони худ рӯй гардонида (атеистони болшевик) ба вайрон кардани гӯшаҳои қадима ва ҳатто қабристонҳои аҷдодӣ даст зада буданд. Ва онҳо як гӯшаи умдаи қабристони Масҷиди Ҳоҷиёнро валангор карданд, ки он ҷо Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носир гӯрпушта ва қабр доштанд. Ин бехудоён қабристонро бо бели трактор вайрону ҳамвор карданд — ҳол он ки Қорӣ Носир барои омади трактор чӣ қадар шодӣ ва ифтихор мекард ва дар роҳи ба мардум бурда нишон додани он, як вақте, дар деҳбоғи Кулканд, ҷони худаш ва дастааш ва Мирзои он вақт кӯчакро қариб ки аз даст дода буд... Хуллас қабри Қорӣ Носир ва Умар Ҳофизро бо дами бели трактор вайрону ҳамвор карда буданд ва ҷойи он яке аз сарварони қудратии ноҳия барои худу наздикони худ ба иморат кардани ҳавливу хонаҳо шурӯъ карда буд. Даҳшати дигар дар он буд, ки дар ҷойи собиқаи оромгоҳи Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носир огилу каҳдони ин ҳавливу иморатҳои нав рост омада буд. Яъне дар ҷойи қабрҳои собиқаи ин ду бузургмарди Исфаразамин, ки онҳоро вайрону несту ҳамвор карда буданд, акнун молу чорвои он сарвари пуркару фар ва чорвои хешу табори вай бояд зиндагӣ ва хобу хез мекард ва ин ҷо саргину шоша мекард.
Хуллас ҷанги нави ҷаҳон аз бедодии одамон шурӯъ гардида буду ин бедодӣ ҳанӯз идома меёфт. Идома меёфт, на танҳо дар масофғаҳи хунбораи ҷонгир, балки дар ақибгоҳи дури дур. Идома меёфт дар шаклҳои ҳархела ва равишҳои гуногун...
Вайронкунандагони қабри азизони Исфаразамин ба сони Умари Дузди навине буданд, ки барои онҳо чизҳои муқаддас ва истеъдоду маҳорати беҳамто ва гиромидошту хотироти бузургону азизони гузашта вуҷуд надошт, ҳол он ки заминҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё