Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
бекорхобида зиёд буданд ва хонаву ҳавлиҳои навро он ҷо сохтан имкон дошт, аммо қабристони гузаштагонро сарвари қудратии ноҳия аз боисе вайрону барои худу хешовандон ҳавлӣ карда буд, ки ҷойи қабристон ба ҳавлиҳои собиқаи худаш наздиктар буд...
Дарегу дарег!
Агар ба таърих бингарем мебинем, осори гузаштагони мо ва хоса мадфангоҳи азизони миллати моро ғайри бегонагон дасти худӣ ва худкомагиву беписандӣ ва бетарафиву бепарвоии худи онҳо низ ба боди нестӣ ва бенишонӣ дардода...
Дарегу дарег!...
Мирзо аз ҳамаи ин алҳол хабар надошт. Зеро вай ҳамроҳи гурӯҳе аз ҳунарпешагон ва санъаткорони Тоҷикистон ба хатҳои пеши масофғаҳи ҷанги ҷаҳонӣ рафта буд, ки он ба миёнаҷойи ҳудуди Россия ҳам расида буд.
Мирзо он ҷо, ҳаёташро зери хатар ва марг ниҳода, зери тиру туфанг ва гулуборони шадиду таркишҳои бешумор барои тоҷиконе, ки пеши ҳуҷуми ҷангҷӯёнро дошта ва ҳамлаҳоро ақиб андохтанӣ мешуданд ва қатори дигарон оташи ҷанги ҷаҳонро паст фароварданӣ мешуданд, созу наво ба иҷро мерасонд, то касони ба ҷанг гирифтор донанд, ки онҳо низ аз аҳли башаранд ва ҳанӯз созу сурудае ҳаст дар дунё, ки барои онҳо офарида шуда ва одамон якдигарро набояд тирборон, балки оҳангборон кунанд ва садои тиру таркиши ҷонгудоз не, балки садои сурудаву чагона ва созу навои ҷонбахшоянда танинандоз гардад бояд дар замини гардони миёни фалак...
Мирзо дар ин хати пеши ҷабҳа намедонист, сӯяш ғайри тиру гулулаҳои душман ҳамчунин тиру гулулаҳои дигар равона шуда, ки он аз «дӯстон ва ҳамшаҳриёни худаш» бошад, яъне аз хандаку камингоҳи ҷанг не, балки аз думбол омада ин зарбаи ҷонкоҳ. Бале Мирзо, ки барои рӯҳу қувват бахшидан ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё