Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

мешавад, ки ман доири ин васиятнома навиштаам... Ва ту, ки дар чанд моҳи дар хати ҷангу ҷабҳа буданам, ин ҷо, писари маро нигаҳбон ва парасторӣ карда тавонистӣ, пас баъди сари ман низ нигаҳбонӣ ва парасторӣ карда тавонӣ...»

Бале Мирзо барои анҷоми ин қасд, барои марг овардан ба сардори бесаре рафтагӣ буд ва пасон худаш ҳам шароби маргро сабурона ва оромона ва ба тақдир тан дода, чашиданӣ буд... Чунон ки Умар Ҳофиз шароби маргро чашида буд, дами ба марг кашидани Умари Дузд...

Чунин мехост Мирзо... ҳарчанд бо кушта шудани худаш дар ин набард ва ё баъди якумра маҳбус шуданаш (зеро куштори роҳбар бахшида намешавад дар ин замон), созу навои меросӣ, ки дар ҳастии вай ва дар ҳунари вай ғунҷоиш хӯрдаанд, ҳамагӣ кушта мешаванд ва ё якумрӣ ва батамом маҳбас мегарданд...

Вале Мирзо ғайри қасос гирифтан дигар илоҷ ҳам дошт магар?

Мирзо имшаб писарашро сахт ба оғӯш кашида, хобида буд ва хайрбод гуфтанӣ мешуд бо ин роҳ бо фарзанди худ, бо нишонами охирини Рафоатбонуи азиз. Хайрбод гуфтанӣ мешуд бо писаре, ки дар ҳастии вай ва рагу пайи вай хуни ҷӯшони худаш ҳам гардиш дошта буд... Ин шаби охирин ва соатҳои вопасини умри Мирзо буд дар бари писари мисли худаш дар зиндагӣ аз оғоз ҷабрдида ва дар азоб мондае...

«Маро бубахшо, баҷаҷони ман, ки то охир буда ва монда наметавонам дар паҳлӯи ту. Бубахшо, ки туро то дараҷае, ки лозим, болу пар бахшида, парвозӣ кунонида наметавонам. Маро бубахшо, ки бароят масъулияти падариро то охир кашида наметавонам ва ин бори гаронро ба дӯши дигаре вомегузорам... Охир ман, ғайри ин, дигар илоҷ надорам, писари ман!...»-чунин мегуфт беовоз барои писараш Мирзои Навозанда ва баробари ин мешорид қатраҳои ашк ба рухсораш...

Маро бубахшоед устодони ман Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носир. Маро бубахшоед, ки бори созу навои аждодиро, ки шумо ба умедам шудаед, акнун вомегузорам аз дӯши худам. Бубахшоед, ки ин борро ҳанӯз ба дӯши инсони оянда-ба дӯши наврасе,

пешина
аз 194
навбатӣ