Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
навистеъдод ва наврӯиде нагузошта меравам. Охир ман фурча надорам барои ҳамаи ин акнун. Дигар сабру таҳаммулам намонда, ки вайронгари нишонаҳои оҳирати шумо-вайронгари қабри Шумо ҷазояшро надида, дар болои қабрҷои Шумо зиндагии пур аз кару фари худро идома медиҳад ва болои покҷои собиқаи ҷисми Шумо аспу гову хару бузу гусфандаш зиндагӣ ба сар мебарад ва он ҷоро пур аз шошаву поруву саргин месозад... Маро бубахшоед, устодони ман Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носир, ки ман илоҷ надорам ғайри қасоси Шуморо гирифтан ва дар ин роҳ қурбон шудан ва ё ба ҳабси якумрӣ маҳкум гардидан!... Маро бубахшед, устодони ман!...»
Ва шаби дароз чунин гуфтугузор дошт бе сухан бо рӯҳи гузаштагон ва рафтагон ва бо писари дар оғӯшаш хобидаи худаш...
Баъд субҳ дамида буд рӯйи замини пурҳодисот.
Замине, ки Мирзо имрӯз зиндагии як нафарро он ҷо ба охир расонида, ба зиндагии худаш ҳам нуқтаи итмом гузоштани буд.
Мирзо ҳоло интизори касе буд, ки дар тӯли чанд моҳи ахири ба хати пеши ҷабҳа рафтанаш вай писарашро нигоҳубин ва парасторӣ карда буд. Мехост ин нафар биёяду писари варо ва хонадони меросиро қабул дорад ва баъдан Мирзо корди қассобии алмос барин тесро бигираду аз пайи кори охирини зиндагиаш биравад, балки аз пайи навохтани оҳанги охирин биравад, балки барои навохтани оҳанги маргу нестӣ ба сарвари бесару беадл биравад.
Ана омада буд ун нафаре, ки ҳавлӣ ва писари варо қабул медошт ва баъд Мирзо бояд мерафт барои иҷрои кори охирини зиндагии худ.
-
Ту ба ҳеҷ куҷо намеравӣ, акнун-изҳор дошта буд каси омада.
Ва ин арбадаи Мирзоро фузун карда буд: -
Акнун ягон кас пеши роҳи маро гирифта наметавонад, то даме ки қасдамро ба охир нарасонам.
-
Рафтанат барои маҳв кардани сарвари бемагз буд?
-
Медониву барои чӣ мепурсӣ боз-а?
-
Пас ба рафтанат ягон зарра зарурат намондааст акнун.
-
Чӣ хел, а?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё