Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Ва нафаре, ки аввалан парастории писари Мирзоро ба ӯҳда гирифта буду баъдан аз баҳри ин амал баромада буд, акнун баргашта омада буд аз нав.
-Худат медонӣ, Мирзо ва дигарон ҳам медонанд, ки Умар Ҳофиз кушта буд Умари Дуздро, ки ун яғмогар накушад туро. Акнун рӯҳи пуркудрати Умар Ҳофиз ва рӯҳи Қорӣ Носир Сардори вайронгари қабристонҳои қадимаро аз ту пешдастӣ карда, ба ҷойи ту куштаанд. Куштаанд, то ту, кушта нашавӣ боз Мирзо. Дар ин бора фикр кардаӣ магар? Пас зинда мондани ту зарур буд барои рӯҳи гузаштагон, хосатан барои рӯҳи Умар Ҳофиз ва рӯҳи Қорӣ Носир...
Ва каси ин ҳарфҳоро ба Мирзо гуфта, боз афзуда буд:
-Чӣ хеле, ки зиндагӣ ва ин писарат ба худат насиб кардааст, ин ҳавливу дари меросиат ҳам бигзор ба худату писарат насиб карда бошад! Ва ягона орзуе, ки мекунам ҳамин аст, ки дар ин хонадон созу суруд ҳамеша дар садо бошад! Ман ҳам ту Мирзоро барои созу навоят эҳтиром мегузоштам, эътиқод доштам, барои ҳамин писари туро чанд моҳ-ҳангоми дар майдонҳои ҷанги ҷаҳон буданат-нигоҳбонӣ кардам. Акнун писаратро худат калон кун. Калон кун дар ин хонаву дари меросие, ки ҳақи ҳалоли худат бошад...
Гӯяндаи ин суханҳо боз баромада рафта буд.
Мирзо аз розу асрори ниҳон ва асрори азал дар ҳайрату шигифт буд. Шояд, дар ҳақиқат, рӯҳи Умар Ҳофизу Қорӣ Носир Сардори мағруршударо ва аз ҳад гузаштаро фалаҷ карда ва аз миён бардошта буд, то Мирзо мабодо ба куштани вай рафта, баъди марги вай худаш ҳам кушта шавад ва ё якумрӣ маҳбус гардад. Охир фақат Мирзо буд, ки ҷомеи созу навои қадими Исфаразаминро медонист ва ӯ буд, ки онҳоро бо зинда будани худаш ва умри боқимондааш ба оянда бурда расонида метавонист.
...Мирзо аз розу асрори ниҳон ва асрори азал дар ҳайрату шигифт монда буд ва писарчаашро ҳамоно сахт ба оғӯш кашида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё