Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

БОРИ ГАРОНЕ, КИ
БАРДОШТАНАШ ОСОН НАБУД
ВА Ё
ҚАТРАҲОИ САРДУ ГАРМ

Мирзо минбаъд ба ҳар ҷое равад, писарчайи кӯчакашро бо худ мебурд ва ҳатто ба сафарҳои ҳунарӣ ҳамроҳаш мебурд, ки гӯшту устухону пӯсти писарча акнун каме шакл гирифта буд.

Ва соате пеш аз намоиш писарчаро хобонида, бо ҷомаи худаш печонида, дар ягон ҷойи ором мегузошт ва баъдан ба саҳна боло мегардид.

Баъзан ҳарчанд зӯр мезад, бачаякро хобонида наметавонист. Дар ин вазъ санъаткорони дигар, ки ҳоло вақти баромадашон ба саҳна нарасида буд, писаракро бо навбат парасторӣ мекарданд. Худи Мирзо аз оғоз то анҷоми намоиш дар саҳна буданаш лозим меомад, зеро гоҳ бо дутор менавохт, гоҳ бо гиҷҷак, гоҳи дигар бо асбоби дигар навохтанаш зарур мегардид. Гоҳе барои ҳофизон менавохт, гоҳе барои раққосон ва гоҳе танҳо худаш нағмапардозӣ мекард.

Дар баъзе намоишномаҳо ба саҳна баромадани тамоми санъаткорон лозим меомад ва дар ин вазъ бача сар-сари дасти тамошобинон «мегардид», яъне нигоҳбонӣ ва парастории вай, пурра, ба ӯҳдаи тамошобинон вогузор мешуд.

Писарак бо нахустин бор рост истоданаш, бо аввалин бор сухан гуфтанаш ва нахустин маротиба рӯи замин қадам гузоштанаш на танҳо хотири Мирзо ва санъатварони дастаи варо, балки хотири тамошобинони гуногунро ҳамчунин умедвору мамнун мегардонид. Ва қатори санъатварон ва ҳунарварони дастаи Мирзо ин бачаякро мешинохтанд ва медонистанд тамошобинони зиёд, балки кайҳо боз мешинохтандӯ дӯст медоштанд варо.

Дар лингае, ки Мирзо ҳамеша ҳамроҳи худ дошт ва дар он мудом асбобоҳои навогарии вай меистод, либосҳои писарчааш

пешина
аз 194
навбатӣ