Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
намуд; маълум буд вай ҳам оби чашмонашро дошта наметавонад.
Кампиру бача танҳо набуданд.
Ҷамъи тамошобинон гиря мекарданд пинҳону ошкоро.
Ҳолиё...
Шабе буд моломоли ашку ғам.
...Фақат раиси колхоз Сабуров ноҷумбон ва дам ба дарун кашида менишаст ва аз ӯ ҳаракат зоҳир намешуд ва аз ин боис ҳолати ботинии варо муайян намудан душворӣ дошт.
...Намоиши мусиқӣ-драмавӣ қариб се соат идома ёфт ва ниҳоят ба охир расид.
Вале мардумон аз ҷояшон хеста наметавонистанд ва кампиру занҳо ҳанӯз бо нӯғи қарс оби дидагошонро покиза мекарданд.
Вақт чунин мегузашт.
...Раиси колхоз Сабуров ҳатто баъди хеста, як-як ва бо сари хам пароканда шуда рафтани мардум, ҳаракате зоҳир намекард ва ҳанӯз дам ба дарун менишаст.
Дар тамошогаҳи собиқа аз тамошобинон фақат вай монда буд, хол он ки саҳна дигар идома намеёфт ва ба охир расида буд.
...Чун вақт мегузашт, яке аз санъаткорон, шояд барои барҳам задани хомӯшии гарони дар миён буда, ё шояд барои ишора кардани он, ки кори имшабаи санъатварон ба охир расидааст, қоғази шартномаро ба раис Сабуров дароз намуд.
-Бемалол бошад, имзо гузоред, раис, ки мо ин ҷо будему намоиш додем...
Сабуров гӯё ҳаминро муддатҳои тӯлонӣ маҳтал бошад, як ба ҷунбиш омад ва гӯё ҷон гирифт ва ногаҳон аз ҷой қад кашида бархост.
Тӯғ кашида ба санъаткорон нигарист.
-Ана дидед-а?-пурсид якбора вай.-Одамон бо сари хам рафтанд-а. Азобашон зиёд шуд, албатта. Акнун шаби дароз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё