Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

давом меёбад азоби онҳо. Хобашон намебарад. Пагоҳ хастаю лакот ба саҳро мебароянд, мумкин як қисматашон баромада натавонанд. Дар ин аҳвол кори дуруст карда намешавад. Ҳамту не? Ҳол он ки ҳар рӯз кор кардани онҳо зарур! Душман ба дарунтари кишвар даромадааст. Аскарон дар хати ҷанг нимбараҳна, нимгурусна. Хӯрока лозим барои онҳо. Сару либос ҳам лозим. Вале ин ҷо, мардумон кор карда натавонанд озуқаи он лашкара, тиру туфанги вай аз кадом ҳисоб муҳайё кардан имкон мешавад? Аа? Аз кадом ҳисоб-а?!-Сабуров якбора дод зада буд бо тамоми овоз.-Ҳуллас, аз омаду рафти шумо ба мо чӣ фоидаа?! Дили шикастаро шикастан ҳунар не! Мардуми ноумеда боз ноумед кардан ҳам ҳунар не!... Ҳаа!—Сабуров аз изтиробу қаҳри беҳаду ҳудуд қоғази шартномаро миёни ангуштони ба ларза омада пора ва ҷигда карда, пеши пои санъаткорон партофт, боз кадом ҳакорати дигар дода, тоб хӯрда, ҳайрухӯш накарда рафт. Чанде баъд дигар ба чашм намерасид вай.

...Вале барои Мирзову дастааш бештар алам карда буд: «Ҳуллас, аз омаду рафти шумо ба мо чӣ фоида-а?! Дили шикастаро шикастан ҳунар нест-а! Ҳунар ҳамон, ки дилҳои шикастаро навохта, бардошта тавонад. Набошад вай ҳунар набуда, зараррасонӣ асту бас!...»-чунин дод зада буд ба сари онҳо Сабуров.

«Охир мардум дил доранду артистон надоранд магар?-фикр мекард Мирзо.-Аа? Дили мардумаш бардоштани мо ҳунарварон лозим? Аммо дили ҳунармандонро кӣ мебардорад? Аққалан як бор? Асаби дигаронро таскину оромӣ бахшидани ҳунарварон лозим! Аммо асабҳои озурда ва ранҷӯри ҳунармандонро кӣ бояд таскину оромӣ бахшида тавонад? Дар ҳафтаву моҳ аққалан як маротиба-ъа... Ҳуллас дигарон дил доштаанду артистон ва ҳунарварон дил надоранд магар?!...»

Дастаи артистон баъди итмоми намоиши шабона, ҷомаю кӯрпачаҳое, ки амсоли чугиҳо ҳамеша ҳамроҳи худ гирифта

пешина
аз 194
навбатӣ