Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
САПЕДА,
ШУНАҲ ВА УМЕД
Ниҳоят аз миёни теғаҳои кӯҳистон, ки даричаи шарқии осмонро ба хотир ҳамеовард, сапедаи сабоҳ падид омад. Падид омад бо душворӣ ва гӯё басо сахтӣ. Бо душворӣ ва сахтиҳо мехӯрд сари торикиҳоро ҳоло вай.
Сапедаи дамида санъаткоронро дар ҳолате дарёфт, ки ҳанӯз қадам мезаданд. Қадам мезаданд тарзе, ки тамоми шаб ҳамин тавр мерафтанд.
Баъд анвори осмон бештар эҳсос мегардид. Ва гӯё дами он абрпораҳоро мешикаст, онҳоро ҳар сӯ гурезондан мехост.
Аз чоки абрҳои шикаста сар мезад шунаҳи бештар.
Ва ҳама ҷо нурполо мегардид, балки васеъ мегардид мутассил.
Баъд оламро мегирифт анвору шунаҳи наврӯиди хуршед. Анвори хуршед, ки аз чоки абрҳо сар бароварда буд. Балки дар асари он ба ҷилвагарии бештар омада буд рангҳои замину осмон.
Шояд ин боис шуд, ки аз ҳастии тика-тика ва шикаставу порашудаи Мирзо андешаҳои навин тавлид ёфтанд. Андешаҳои навине тавлид мешуданд, ки: «рушноӣ сари торикиро мехӯрад... пас бадбахтию ҳасратро ҳам хӯрда метавонад магар таскине ва умеде? Яъне магар куштан мумкин бо таскине ва умеде эҳсоси вазнини гуссаборро? Худи созу овоз ҳам магар маънои ба маргу ноумедӣ фотех шудани умеде аз зиндагиро надорад?... Нишонаҳои Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носир, яъне созу суруд ва нагмаву наворо низ ба оянда бояд бурд. Ва ин ҳамаро кӣ мебарад ба оянда ғайри худи Мирзо? Пас бо хотири рафтагон ва мероси маънавии онҳо бояд зиндагиро идома дод?... Мероси рафтагонро бар ояндагон бояд бирасонд... Инро фақат вай, яъне Мирзо метавонад...
Ва зарур аст ба имрӯзиён ва зиндагии имрӯзиён низ созу наво,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё