Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

ДОИМО ЯКСОН НАМОНАД ҲОЛИ ДАВРОН,
ҒАМ МАХӮР...

Боре ба деҳи Чоркӯҳ рафта буданд. То бегоҳ, яъне то дами оғози намоиш вақт буд ва аз ин муҷиб Мирзо ҷониби чашмасори Лангари Моҳиён рафт, ки дасту рӯ ва тана шуста, ба намоиши бегоҳ омодагӣ гирад.

Нав ба лаби чашмасор расида ва нав куртаашро кашида, нав ба об даромада буд, ки баногаҳ овози ғулгуладори карнай ба гӯшаш омад. Ин овоз меомад аз миёни деҳи дурмонда.
Маълум буд, карнайро ҳамроҳони Мирзо мекашанд, ки фақат онҳо доштанд чунин асбоб.

Мирзо ба ҳайрат омад, зеро карнайро шабона мекашиданд, ки маънои ба намоиш даъват кардани мардумонро дошт, яъне «шитоб кунеду дер намонед аз тамошои навин!». Хуллас овози карнай эълони намоиш ва қариб шудани оғози намоишро дошта буд.

Аммо ҳоло, ки то бегоҳ чанд соати дигар вақт ҳаст, овози карнай чӣ маъно дошт? Ва ё магар ҳамроҳони Мирзо хаставу дилгир шудаанд ва ё тобу токаташон, аз нав, аз ҳадду ҳудуд гузаштааст, ки ҳамин тур рӯ ба «девонагӣ» овардаанд бо карнайкашии новақтии худ.

Ва ё магар ягон шикасту бадбахтӣ ва ноомади дигар шуда,
ки Мирзо намедонад, вале овози дурраси карнай ин ҳамаро ба
вай расониданӣ?... Аз ин муҷиб дили Мирзоро хавотирие гирифт
ва он торафт ҷониби писараш тоб мехӯрд. Охир писарчаро
андаруни кабинаи мошини кӯҳнасохти боркаш, ки моҳе пештар
ба театр дода буданд, монда омада буд. Зеро бачаро хоб бурда
буд ва аз ин боис Мирзо нахост варо бедор ва бесаришта карда
бошад. Ронандаи мошин ҳам гуфта буд, ки Мирзо бо дили пур
аз паси оббозӣ равад ва бача бедор шавад, худи вай, яъне
ронанда нигоҳубин мекунадаш. Ва ё шояд ронанда бепарвой
зоҳир намуда, бачаро фаромӯш кардааст ва бача аз кабина ба

пешина
аз 194
навбатӣ