Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

фақат чойхона ҳам набуд, балки чойхона-театрро ба хотир меовард, балки як манбаи фарҳангӣ ва рӯшанибахшои дил ва ақлҳо ба шумор мерафт. Чойхонаи Қорӣ Носир дили ҷӯшанда ва пурнавои Исфара буд, диле, ки неруҳои зиёди зеҳнӣ ва истеъдоди наврӯидро гирди худ ҷамъ оварда тавониста буд... Пас наход умри он чойхона-театри мӯъҷизабори Исфара ва оркестри созию овозӣи чойхонагии он билкул ба охир расида бошад? Ба охир расида бошад баъди сари Қорӣ Носири дилсӯзи истеъдод?...

Аз ҷониби дигар чун театри давлатиро аз Исфара кӯчониданд, ин лакнате шуд дар фарҳанги Исфаразамин... Пас чӣ бояд кард? Чӣ?...

Мирзои Навозанда тӯлонӣ андеша мекард дар бораи чойхонатеатри Қорӣ Носир ва ансамбли чойхонагии вай, ки Умар Ҳофизи бузургвор ба он эътиқоди хос дошт ва барои ин ансамбли чойхонагӣ ин ҷо меомад, санъаткорони ин ҷоро эҳтирому ихлоси хос зоҳир мекард...

Ҳамин буд, ки Мирзо ба ягон ҷойи дигари олам, ки хеле боз он ҷоҳо таклифаш мекарданд, нарафт, аз ин сарзамини илму нафосат дур нашуд, яъне аз Исфараи хушманзара дил канда натвонист...

Ғайри чашмдошти басо касон ин навозандаи номӣ ва ҳунарманди мумтози саҳнаи театрӣ якбора чойхоначӣ шуд. Бале Мирзои маъруфшуда, овозёфта ва мақбули хосу ом, шӯҳратпеша, писандида ва соҳиби истеъдоди нодир, чойхоначӣ гардида буд яку якбора.

Ба назари баъзеҳо Мирзо аз мартабаи соҳиббудааш ҳоло паст фаромада буд бо чойхоначӣ шудани худаш.

Вале Мирзо дар ҳамон чойхонае, ки як вақтҳо маркази тантана ва гузаронидани маросими Сайри Лолаи Исфаразамин буд, чойхоначӣ монд.

Мирзои Навозанда хоста буд дар Исфаразамин чойхонаро он тарзе эҳё кунад, ки замони Қорӣ Носири ҷонфидои маърифат чунин буд ва он вақтҳо чойхона ҷойи аз ҳама серодами Исфаразамин ба ҳисоб мерафт.

пешина
аз 194
навбатӣ