Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Мирзо чӣ қадар мехост садои гузаштагон зинда шавад ин ҷо бо василаи ансамбле, ки аз нав, ташкил кардагӣ буд худаш дар ин ҷо.
Ва як вақтҳо, гар мегуфтанд, рӯзҳои чоршанбе дар Исфара ду бозор мешавад ва якеаш дар чойхонаи Қорӣ Носир, дере нагузашта мегуфтанд, ки «ҳар рӯз дар Исфара концерт дидан мумкин, барои ин ба чойхонаи Мирзо равед, як чойник ҷой гирифта, дар гӯшаи кат нишинед: ҳам аз ҷои кабуд лаззат мебаред, ҳам аз созу наво. Балки аз созу наво лаззати бештар мебардоред ун ҷо...»
Мирзо дар чойхонааш амсоли чойхонаи Қорӣ Носир беҳтарин ҳофизону навозандагони халқии Исфаразаминро, ки баъзе аз боиси тангии шароит ва дурии роҳ ба театри Конибодом, ё театрҳои дигар рафта натавониста буданд ва ё ҷои дигар рафтан нахоста буданд ва инчунин наврасоне, ки аз онҳо умеди ҳунарвар ва санъатвар шудан эҳсос мегардид, ҷамъ оварда тавонист. Чойхонаи Мирзо ҷои театри овозадори Исфаразаминро, ки акнун вуҷуд надошт, гирифтан ва пур кардан мехост. Балки амсоли он театри собиқаи Исфаразамин овозадор мегардид чойхонаи Мирзо ҳамчунин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё