Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

савтро якмаром паст фароварда ва ба ҳадди овозҳои атроф мерасонид ва баъдан ангуштонашро аз рӯи тораҳои дутор ва ё камонакро аз рӯи тораҳои ғиҷчак чунон мегирифт, ки шунаванда гумон мекард ҳанӯз миёни муҳити атроф мусиқа монда ва лаппиши яксони дилороми он идома дорад.

Мирзои Навозанда дар гумоне, ки Мирзои Турсунзодаро хоб бурдааст, аксари вақт хато мекард. Зеро шоир Турсунзода баъди фурсате чашм кушода, изҳори медошт:
— Кам нашавед, Мирзо... Хело-о са-бук кардеҳ, маро! Хе-лоо сабу-ук-аа...

Навои Мирзои Навозанда гарду губори аз мурури сол ва ташвиши зиёд ба сару рӯи шоири халқ, Раиси Кумитаи шӯравии якдилии мамолики Осиё ва Африқо, дорандаи ҷоизаҳои зиёди байналхалқӣ Мирзои Турсунзода рехтаро оби ҳаёт барин шуста ва пайкари варо таровату нерӯи тоза ва хоса мебахшоид.

Мирзои Турсунзода баъди заҳмат ва даву този зиёд, ки матлабаш беҳбудии ҳаёти одамиён буд, аз навои Мирзои Навозанда ва аз сӯҳбати дӯсташ шоир Раҳимзода бештар осудагӣ ва нерӯи дигар гирифта метавонист, ки дар ин бора наклу ривояти зиёд мондааст. Ва ҳар гоҳ, ки Мирзои Турсунзода ва Боқии Раҳимзода як ҷо бошанд, хандаю шӯҳӣ миёни ташвишҳои зиндагӣ роҳ меёфт, онро фаро мегирифт ва ҳаёт ҷӯшу маънии тоза пайдо мекард. Мирзои Турсунзода бо худ Раҳимзодаро ҳамчунин ба Исфаразамин, ба назди Мирзои Навозанда меовард. Ва тамоми шаб Исфараруд бедор буду ин се нафар ва мусиқа бедор буду ашъори онҳо. Сапедаи сабоҳ, ин пагоҳӣ гӯё, аз наво ва ашъори ин се нафар ибтидо мегирифт ва сар мекашид. Сапедаи сабоҳ, ки ҷои торикиро мегирифт, аз тавлиди як рӯзи дигари зиндагӣ гувоҳӣ меовард ва боиси бедоршавии олам мегардид, одамонро аз пайи орзуву амал ва такопӯи дигар мебурд.

Алҳақ Мирзои Турсунзода ва Мирзои Навозанда ду истеъдоди халқ буданд, ки ҳар ду дили софи пур аз муҳаббат доштанд, ҳарду кӯҳистони тоҷикро мемонданд, ки бузургу пурасрору пурганчу пуранво бошанд...

Ва бисёр ҳофизону навозандагони вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ

пешина
аз 194
навбатӣ